Ифтитоҳи корхонаи ордбарорӣ дар Рашт

Август 26, 2011 16:30

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – «Рушди соҳибкории хурду миёна дар истеҳсолот ва хизматрасониҳо, инчунин ташкили маҷмааҳои туристӣ ва рушди сайёҳӣ дар ноҳия, ба ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд ҳамчун яке аз самтҳои минбаъдаи тараққиёти ноҳия қарор дода шавад»-гуфт имрӯз зимни суханронии худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт. Дар ноҳияи Рашт то ба имрӯз аз тарафи Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» ва корхонаи «Ёқут» коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис дода шудаанд. Дар нимаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт корхонаи панирпазӣ бо иқтидори коркарди як тонна шир дар як шабонарӯз, коргоҳи шарбаттайёркунӣ — филиали Ҷамъияти саҳҳомии «Душанбе» бо иқтидори 20 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ташнашикан сохта ба истифода дода шуданд ва имрӯз боз як корхонаи нави истеҳсолӣ — корхонаи ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 70 тонна ғалла дар як шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Илова бар ин дар ноҳия корхонаи хиштбарорӣ бо иқтидори 5 миллион дона ва сехи истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори 5 ҳазор метри мукааб бунёд гардида, 35 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Август 26, 2011 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст