Истиқлолияти ҶТ ва нақши он дар таҳкими дӯстию бародарии миллати афғон ва Тоҷикистон

Август 17, 2011 15:35

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбарияти Чумҳурии Тоҷикистон ва дар раъси он Ҷалолатмаоб Эмомалии Раҳмон дар як давраи аз лиҳози давлатдорӣ бисёр кӯтоҳ ба дастовардҳои фарҳангии ғание даст ёфтаанд. Албатта барои мо, миллати афғон, доштани як ҳамсояе бо чунин роҳбари хирадманд ва дурандеш, ки тамоми арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ду миллати тоҷик ва афғонро муроот намуда, намунаи арзиш, мероси муштарак ва як неъмати Илоҳӣ барои мардумони ду соҳили дарёи Омӯ таҷассум гардидааст, бо эҳёи мероси фарҳангӣ ва бузургдошти ёду хотираи Родмардони ин марзу буми ифтихорофаринони Афғонистон ва Тоҷикистон боиси сарбаландии ҳамаи ҳавзаи тамаддунии форсу тоҷик мебошад.Аммо бо камоли таассуф бояд изҳор дошт, ки кӯтаҳандешон ва парокандагуйҳое имрузҳо пайдо мешаванд, ки по аз гилеми худ фаротар гузошта ва ба ҳар он чизе, ки дар он замина ва тахассус надоранд изҳори назар намуда ва даст ба фитнаҳо ва авоқиби нохушояндеро барои чомеъа ба бор хоҳанд овард. Мо, як гуруҳ аз ҷавонони миллати афғон, аз баёноти Муҳаммадаёзи Ниёзӣ Эмомхатиби масҷиди Муҳаммад Вазир Акбархон, дар мавриди ба теғи интиқод кашидани Роҳбарияти ҶТ оид ба масъулияти волидайн дар қиболи фарзандонро маҳкум намуда, ин изҳори назарро муғоир бо ақлу шаръ дониста ва аз ин довариҳои бепояву асос воқеан аз давлати дӯст ва бародари ҶТ ва дар раъси он Ҷаноби олии Эмомалӣ Раҳмон узри бисёр масъалат дорем. Ва ингуна изҳори назар ва довариҳои беасосро фақат аз чунин афроди зоҳирпарасти кӯтоҳандеш метавон интизор дошт. Албатта, ҳеҷ мусалмони лоиқ ва дорои фикру андеша наметавонад аз хадамоти арзандаи Ҷаноби олӣ Эмомалии Раҳмон дар мавриди эҳёи фарҳанги динӣ ва миллии Тоҷикон чашмпушӣ намояд, Тарҷумаи Қуръон бо забони тоҷикӣ боиси дастрасӣ ва ошноии ҳазорон муштоқ ба таълимоти Қуръон ва ҷалби ҷавонон ба арзишҳои исломӣ будааст. Баргузории бузургдошти Эмоми Аъзам ва гуфтугуи тамаддунҳо ва ҷамъ намудани бузургтарин олимони ислом дар сарзамини тоҷикон танҳо аз дасти марди худо ва фарҳангие мисли Эмомалии Раҳмон омадаасту бас. Дар воқеъ, ҳамонгуна ки маълум аст, ин гуна изҳори назарҳо танҳо аз чунин шахсиятҳои мазҳабие мисли Муҳаммадаёз ва амсоли ӯ бармеояду бас, зеро инҳо ҳама чизро танҳо аз даричаи маҳдудаи фикрии худ мебинанд ва тавлиди афкору андешаҳои бузург дар он сангинӣ мекунанд.

Август 17, 2011 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ