Кӯмаки Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба оилаи тоҷик
Душанбе, 25 август (АМИТ «Ховар», Азиз Хайруллоев). – «Муҳоҷирони меҳнатии дар қаламрави Русия будаи Тоҷикистон аксаран дучори вазъияти ногувор мегарданд», — зикр шуд дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.Яке аз оилаҳои тоҷики муқими Русия дучори имтиҳони сахте гардид. Шавҳари Гуландом Ҳамроқуловаи 37 – сола тарки оила намуда, 3 кӯдаки хурдсолро дар ихтиёри ҳамсараш танҳо гузошт. Гуландом Ҳамроқулова баъди ин маҷбур буд, ки аз сохторҳои расмии Тоҷикистон дар Русия хоҳиш намояд, ки барои ба шаҳри Душанбе бурдани фарзандонаш ёрӣ расонанд. Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҷамъияти тоҷикон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ӯ барои баргаштан ба Ватан дасти ёрӣ дароз карданд.«Ҳамаи мо, тоҷикистониёне, ки берун аз хоки Ватан кор мекунем, даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳамаҷониба дастгирӣ намудани шаҳрвандоне, ки ба он мӯҳтоҷанд, сармашқи амали худ қарор медиҳем. Ин кӯмаки мо хусусан дар моҳи Шарифи Рамазон аҳамияти хосса пайдо менамояд», — зикр шуд дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






