Литсейи президентии барои хонандагони болаёқат ноҳияи Бохтар
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз субҳи барвақт сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қурғонтеппа идома ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Бохтар литсейи президентии хонандагони болаёқатро, ки дар мавзеи дилфиребу назаррабои соҳили дарёи Вахш ҷойгир шудааст мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Ин мактаби боҳашамат, ки нахустин литсейи президентӣ дар ноҳияи Бохтар аст, дорои як бинои сеошёнаи таълимӣ барои 660 нафар хонандаи болаёқат дар як баст, ду хобгоҳи чор ошёна бо 660 ҷойи хоб дар алоҳидагӣ барои духтарон ва барои писарон пешбинишуда, як бинои истиқоматии панҷошёнаи дорои 20 хона барои омўзгорон дар майдони 10 га замин доман паҳн кардааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои қабули омўзгорони касбӣ ва хонандагони лаёқатманд тавассути телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷиддӣ ва мутобиқ ба талаботи замон озмун эълон карда шавад.Бинои таълимии литсейи президентӣ дорои 22 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз, чор озмоишгоҳи фаннӣ, чор устохонаи омўзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, моделсозӣ, дўзандагӣ ва пўхтани таому шириниҳо, чор синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ, ду синфхонаи лингофонӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар шароити таълиму тадриси хонандагон аст.Дар ин литсей хонандагони болаёқат аз рўйи 5 тамоюл – ҷамъиятию гуманитарӣ, риёзӣ, технологияи ҳунаромўзӣ, санъату ҳунарҳои зебо ва варзиш таълиму тарбия дода мешаванд.Толори зебою дилнишини маҷлисии литсей, ки бо 320 ҷойи нишаст, дорои шароити зарурии маҷлисороӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ аст, бо сифати баланд бунёду муҷаҳҳаз гаштааст.Толори барҳавои варзишии литсей дорои шароити машқу тамрин аз рўйи намудҳои гунгуни варзиш ва 450 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар толор 1000 ҷойи нишаст омода карда шавад ва минбаъд толорҳои варзишии мактабҳои калон боз ҳам васеътар сохта шаванд.Зимни боздиди Президенти кишвар дар майдончаи замонавии омўзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки дар саҳни литсей қарор дорад, дастаи мактаббачагони ноҳияи Бохтар машғули машқ буданд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин даста дар мусобиқоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт сазовори ҷойи дуюм гардидааст.Хобгоҳҳои литсейи президентӣ дорои беҳтарин шароити муосири зист, истироҳату фароғат ва дарстайёркунӣ мебошад.Тавре зикр гардид, дар ин литсей ҷараёни дарсҳо, гашту гузор ва ҳар як хонаи хобгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.Ошхонаи литсей низ, ки дорои 320 ҷойи нишаст мебошад, зебою муҷаҳҳаз ва мувофиқ ба талаботи олии зарурӣ аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва ободонию кабудизоркунии ҳудуд ва атрофи литсей супоришҳои мушаххас дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






