Лубнон хоҳони рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аст
Душанбе, 11 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҷараёни мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев бо Менеҷери генералии Ширкати тиҷоратии байналмилалии «Делта Групп» (Лубнон) Ҳашошӣ Ҳадид ва Консули фахрии Тоҷикистон дар Чад ва Лубнон Ғозӣ Ассакёр масоили густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Лубнон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, меҳмонон дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба нерӯи содиротию воридотии ҶТ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар саноати истихроҷи маъдан ва коркарди санг, ҳамчунин судури пахта ва алюминий мароқ зоҳир намуданд.А.Карамалиев аз мақоми палата, самтҳои авлавиятдори иқтисодиёт, ки ба сармоягузорӣ зарурат доранд, нақл кард. Ин самтҳо иборат аз гидроэнергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, саноати маъдан ва соҳаҳои дигар мебошанд. Номбурда аз имконияти таъсис додани корхонаҳои муштарак ва барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам овардани шароити имтиёзнок хабар дод.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






