Маҷлиси Хадамоти консулии давлатҳои аъзои ИДМ
Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 9 ва 10 август дар қароргоҳи ИДМ воқеъ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносон барои мувофиқа намудани лоиҳаи Низомномаи Шӯрои машваратии роҳбарони Хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.Дар маҷлис намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.Тавре дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокдорони маҷлис лоиҳаи Низомномаи Шӯрои машваратӣ ва лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ – ро мувофиқа ва мутобиқ намуданд.Вазифаҳои асосии Шӯро иборат аз мадад ва таҳкими дӯстӣ, ҳамбоварӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байналмилалӣ, рушд ва таҳкими ҳамкории миёни вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, таъмини самарабахшии ҳамкории хадамоти консулӣ, мадад ба ҳалли муваффақонаи вазифаҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳод, ҳамчунин тарҳрезии лоиҳаҳои муштараки созишномаҳо, роҳҳои ҳалли қазияҳои бахши консулӣ мебошад.








22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд






