«Муқобилони қонун киҳоянд?»
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар»).-Тайи чанд рӯзи охир дар расонаҳои хабарӣ сару садоҳо атрофи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баланд мешавад, ки аз қабули он изҳори норозигӣ доранд. То ин вақт қонуни мазкур дар муҳокимаи мардум қарор дошт. Ашхоси норозӣ ҳини муҳокимаи лоиҳаи ин қонун низ овоз баланд карда буданд. Аммо аксарият тавассути телевизион ва радио, рӯзномаву маҷаллаҳо фикрҳои худро иброз дошта, онро ҳамачониба дастгирӣ мекарданд. То рӯзи ба имзо расидани қонуни мазкур атрофи он фикрҳои гуногун чой дошт, аммо аксарият кабули онро дастгирӣ мекарданд. Имрӯз на танхо собиқ Қозии мусалмонони ҷумхурӣ Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода, балки баъзе аз афроди хориҷ аз ҷумхурӣ низ имзо шудани қонунро ба таври худ шарху эзох медиҳанд. Кӯшиш доранд ҷомеаро аз паси худ баранд, ақидаи аксариятро дигар карда, ҳукми худро ҷорӣ намоянд. Дар замоне, ки мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Нӯъмонро кулли мардуми ҷумхурӣ пайраванд, воридшавии ақидаҳои ба ислом бегонаи экстремистӣ, ки худи Тӯраҷонзода аз мавҷудияти он бонги хатар зада буд, эҳсос мешавад. Имрӯз Тӯраҷонзода чун рӯҳонӣ ҳимоят аз касбу имон дорад, аммо боре андеша кардааст, ки наврасони ноогох зери таъсири ба ном рӯҳониёне мондаанд, ки ақидаҳои ваҳҳобигарӣ ва салафиро доранд. Воқеаҳое, ки дар даврони шикасти шӯравӣ ва оғози истиқлолият сар зада буд, аз бархӯрди ду ақида: ваҳҳобигароӣ ва суннатӣ сарчашма гирифта буд. Имрӯз эҳсос боло гирифтааст, аз ин рӯ дар ВАО овози ашхоси норозӣ чун моли бозоргир дар савдост. Аммо моҳияти конун паси парда мемонад, мунаққидони имрӯза танҳо як пахлӯи ин чизро дидаанд. Гӯё Ҳукумат садди роҳи он шудааст, ки ислом аз рушд монад. Барои чӣ ҳар гоҳе, ки Ҳукумат баҳри тозагии дини мубини ислом, мазҳаби Имоми Аъзам, раҳо намудани наврасоне, ки ҳоло тафаккурашон барои баҳо додани ҳақиқат тадбирҳо меандешад, ашхосе онро зидди «Худо» маънидод мекунанд. Тарси чунин ашхос аз он аст, ки дар оянда бе минбар, гумроҳон ва фанатикхо мемонанд. Асрҳои аср ин авлод аз хамин ҳисоб манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии худро амалӣ мекарданд. Атахон Сайфуллоев дар мақолаи худ «Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд» ин табақаро дуруст нишон дода буд. Ин табақа то инқилоби шӯравӣ хамроҳи шоҳу бойҳо халқи заҳматкашро фиреб медоданд. Имрӯз, ки давлат мӯҳтоҷи шайтонӣ ва найрангу фиреби онҳо нест ва намегузорад, ки насли ҷавонони оянда аз бесаводӣ ва гумроҳӣ бозичаи дасти бегонагон бошанд. ин тоифа бо дастури хоҷагонашон овоз баланд мекунанд. Кай мо порахӯрӣ ва мардумфиребиро аз номи худо решакан мекунем? Кай мо парвардигорро аз ҳизбият ва муборизаҳои сиёсӣ наҷот медиҳем? Давлат ба қавли Ленин машинаи зӯроварист, армия ва зиндонҳо дорад ва парвардигор намехоҳад, ки аз номи ӯ ҳизбо барпо намуда, давлат сохта бо рохи зӯроварӣ ба дили одамизод ҷой гирад. Дар назди ӯ ҳама баробаранд. Ӯ ҳамаро водор месозад, ки ба ақлу хирад такя карда, баръакс аз зӯроварӣ, бадӣ, бахилӣ, кинаву адоват даст кашанд. Дар Конститутсияи мо, қонунҳои мо ҳама он рафтору кирдори баде, ки ба одам зарар меорад, бо татбиқи ҷазо манъ аст. Нест кирдори баде, ки дар қонун ба назар нагирифта бошанд. Бинобар ин мавқеъ ва нақши дину диндорон ин кӯмак расонидан ба он аст, ки ин қонунҳо дар амал татбиқ шаванд, на ин ки барои манфиатҳои ғаразноки сиёсии худ аз номи худо бар зидди Хукумат баромад кунанд. Имрӯз дар Аврупо тамоми гуноҳро ба дӯши мусалмонон бор мекунанд. Гӯё экстремизму терроризм эчоди онҳост. Оё мо худро сафед карда метавонем? Бо чӣ? «Ал-қоида» магар даъвои мусалмонӣ надорад? Аҳволи Афғонистону Эрон, имрӯз Ливия дар чӣ ҳол аст? Мо бояд худро аз ин офатҳо наҷот диҳем. Қонун ҳадди эътидолро дар мадди аввал гузоштааст. Бонги изтироби эшон эҳсосест, ки ҳар шахси аз умқи масъала ноогоҳ ба хурӯш меояд, чун ба он фурӯ меравад, дарк мекунад, гап дар чист? Аз ин ру дар расонахои хабарӣ он чи аз номи ин ашхос рӯи чопро мебинад, яктарафа арзёбӣ гаштани қонун аст, ки хонанда ба иштибоҳ меафтад. Мӯҳтарам Тӯраҷонзода ҳатто ба он эрод гирифтааст, ки падару модаронро набояд ба тарбияи фарзанд масъул намуд аз тарафи қонун, зеро волидон худ, ки фарзандро ба дунё овардаанд, ин тарафи корро худ эҳсос мекунанд. Ҷаноби Тӯраҷонзода аз муҳити худ берунро намебинад. Магар ахлоқи одамон яксон аст? Магар ҳама мусалмонон яксон фикр мекунанд? Волидоне, ки бадгуҳаранду бадкирдор, бадмасту фоҳиша фарзандони бечораи худро ба рохи нек хидоят мекунанд? Онҳоро аз кадом роҳу восита ба тарбияи фарзандон бояд ҷалб намуд?Ҳукумат тариқи мактабу дабистонҳои махсус фарзандони чунин афродро таҳти ҳимояи худ гирифтааст. Аммо ин ҳам ҳалли масъала нест. Танҳо қонун метавонад волидайнро ба ин роҳ ҳидоят кунад, масъулиятро ба дӯшашон гузорад. Мо имрӯз дар ин айём, ки омодагӣ ба соли хониш пеш омадааст, ҷаҳду талоши волидонро эҳсос мекунем. Аксар масъулиятро ҳис намудаанд. Ҷаҳду талошҳои сарвари давлат баҳри муҳайё намудани шароити таълиму тарбия аз касе пӯшида нест. Мактабу таълимгоҳҳои нав дари худро барои толибилмон боз мекунанд. Ин ягона роҳи пешбурди ҷомеи навин нест. Хатто дар давлатҳои абарқудрати олам низ ба ахлоки фарзанд, тарбияи фарзандон аз ҷониби волидон диққат дода мешавад. Ба назари баъзеҳо демократия ин ҷомеаест, ки дар он умр ба сар мебарем. Ягон падар ё модари мусалмон фарзандашро ҳатто агар ба 18 нарасидааст, ба дину оини дигар ҳидоят намекунад. Агар назоратро аз болои фарзанд ҷиддӣ ба роҳ монда бошад. Вале чун масъулият аз дӯши волидон бардошта шавад, фарзандон метавонанд ба ақидаи бегона имон оварда, фардо сабабгори ба дунё омадани худро ба як амали беҳуда, шаҳвати волидон нисбат диханд. Ва тарбия ёфтани худро чун инсон на ба мактаб нисбат медиҳанду на ба волидон. Имрӯз дар ин айём, ки ақидаҳои бегона афзудаанд, ягона роҳи ба эътидол овардани вазъ, канда кардани дасти бегонагон аз ин марзу бум, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ қабули чунин қонун аст, ки ба баъзеҳо хуш наомадааст. Худи ин ашхос сиёсати имрӯзаи (глобализатсия) оламгиронаро, ки ба сари ҷаҳони ислом ва мамлакатҳои дунявӣ овардаанд ва овардан мехоҳанд, хуб медонанд, аммо боз ҳам ҷилави корро ба сӯи ин масъалаи нозук кашидан мехоханд. Исломи суннатӣ, ки бобу чадди мо пайравии он мекарданд, то охири солҳои 80-уму оғози солҳои 90 дар худ моҷаро надошт. Фақат баъд аз он ки адабиёти бегона, ки ҷараёнҳои экстремистиро дороанд, ба зеҳни наврасон роҳ ёфт, ин моҷарохо бархост. Акнун пеши ин гуна ҷараёнхоро чӣ гуна метавон гирифт? Оё Тӯраҷонзода бо он мақолаҳои бешумораш, ки дар ВАО рӯи чопро диданд, коре карда тавонист? Баръакс салафиён чун замбурӯғи баъди борон аз ҳар сӯ сар бароварданд. Боз ҳам Ҳукумат чораи раҳоӣ аз паҳншавии онро дид. Вагарна имрӯз кадом рӯҳонии суннатгаро ҳадди овоз баланд карданро дошт. Хурду калон, вазиру кабир дар коргоҳҳо мавъизаҳои пайравони ин ҷараёнҳоро ошкору пинҳон мешуниданд. Ва ба маҳорати воизии эшон қоил ҳам мешуданд. Наврасони ноогоҳ баъд аз шунидани чунин мавъизаҳо зери таъсири суханони онҳо монда, тайёр буданд гулӯи волидони худро бо дандон бикананд. Ана барои чӣ зарур аст ин қонун. Дар хусуси ба имзо расидани ин қонун, ки масъулияти волидонро дар тарбияи фарзанд дар мадди аввал мегузорад, метавон чандин силсила мақола иншо кард. Аммо бо ин иктифо мекунем, ба умеде, ки моҳияти масъаларо муддаиёни норозӣ дарк менамоянд ва ба умқи ҷаҳл фурӯ намераванд, ки таассуб боло гирад.
Муаллим, Фатҳуллои Карим
_______________________________________________________________________
«Конун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба ки маъкул нест?»
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар»).- Хар гуна ислохоти дурандешона, агарчанде ба манфиати халку миллат аст, дар ибтидо беихтиёр ба ситеза, муковимати шадид ру ба ру мешавад. Мардуми ба рузгори пешин хӯ гирифта, гарчанде он номусоид аст, аксар вакт ихтиёран тархи нави зиндагиро намепазиранд ва давлатдорони хирадманду фозил ба хотири ободиву амнияти кишвари хеш конунхои фавкулодда кабул менамоянд, амрхо дар назари аввал гуё соддаву бевакт содиршуда менамоянд. Амалхои ислохотхохонаи Петри Кабир дар Россия ва дигар сиёсатмадорони варзидаи олам далели ин гуфтахост. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки рӯзи 02 августи соли 2011 аз тарафи Президенти ҶТ ба имзо расид, аз чумлаи чунин икдоми хайрхохонаву дурандешона мебошад, ки ба ситезаву интикоди бархе аз сиёсатмадорону рӯхонияти шинохтаи кишвар ру ба ру шудааст. Аксари эшон дар бораи нодаркор будани конуни мазкур сару садо баланд менамоянд.Оятуллох Софии Гулпоягонӣ, аз марозеи таклид дар Эрон давлати Точикистонро ба исломчудои муттахам кард ва дар «Ойини мочаро» 03.08.2011 аз тарики шабакаи интернет хушдор медихад, ки рохи пешгирифта ба шикаст мебарад. У махалхои точикро имондорони заиф ва бозмондагони давраи Шурави меномад, гуё онхо монеи пешрафти давлату миллат ва истиклоли комил хастанд. У ба ин гуфтахояш конуни манъи хичобро далел меорад, ки дар асл ба таври расми чунин конун вучуд надорад. У менависад: «Ин идда дар ин китъаи ба зохир кучаки исломи ва дарвокеъ дарбардорандаи ифтихороти кухани фарханги бисоти исломчудои густурдаанд ва мусалмонони кишварро, ки 96 дар сад чамъияти он хастанд, зери фишорхо карор додаанд»Ба андешаи мо Оятуллохи мазкур сухани мугризону муддаиёнро шунида аз вокеияти рушди ислом дар Точикистон огохии комил надорад. Намедонад, ки дар даврони сохибистиклолии давлати дар пайи рушду нумуи дини мубини ислом чи кадар кушишхо, амалхои начибу шоиста руйи кор омаданд. Баргузории чашни Имоми Аъзам Абуханифа, ифтитохи донишкадаву мадрасахои исломи, таъсиси садхо масчидхои чомеъ ва панчвакта, интишори адабиети фарханги исломи, озмуни чумхуриявии кироати Куръон миёни наврасону чавонон ва гузоштани тархи масчид барои 150 хазор нафар, кушодани масчиди бузург дар дехаи Тудаи нохияи Хисор намунаи ин гуфтахоянд. Агар Оятуллохи мухтарам имрузхо ба масчидхои шахру дех меомаду медид, ки чи гуна наврасон, чавонону пирон бемамоният ва бо рухи болида дар фазои сулху суботи кишвар тоату ибодат намуда, намози таровех мегузоранд, аз навиштааш хичолат мекашид, ё агар фурсат медошт, мехмони хонадони точикони кухистон ё шахр мегашт, занону модарони точикро бо перохани суннатию ачдоди, тозаю озода, покрузгору покахлок, ори аз фахшу фучур медид, хеч гох дар хакки макомоти далатдории кишвари мо чунин носазохо намегуфт. Албатта, буданд холатхое, ки бархе рохбарони донишгоххои мухталифи Точикистон вуруди донишчуенро ба синфхонахо чилавгири карданд, аммо ин наметавонад боиси хулосаи кулл гардад. Хеч кас ва ягон воситаи ахбори умум хеч гох касеро ба барахнагарди талкину ташвик накардааст. Алхамдулиллох, кулли сокинони кишвар ахли ислом мебошанду ба аркони фароизи он коиланд.Оятуллохи мухтарам бояд донад, ки холо бо сабаби чахоншавии сохти хаёти чамъияти аз бархурду муколамаи тамаддунхо таъсири омилхои беруни ва маорифу маълумоти милли – чи маорифи дуняви ва чи дини беш аз пеш меафзояд. Ин амал ба вазъи дини –сиёсии чомеа низ метавонад таъсири дугона расонад. «Тахсили чавонони кишвар дар донишгоххои динии хоричи дар баробари тайёр кардани уламои тахсилдидаи бомаърифат бо максади конеъ гардонидани ниёзхои дини- маънавии мардуми кишвар хамчунин, метавонад як омили пахншавии равандхои нави идеологи ва сиёсии хусусияти дини доштаи ифроти низ гардад»- менависад илмшинос К.Нурулхаков. Оре, сарвари давлат Эмомали Рахмон борхо таъкид менамояд, ки тахсили чавонон дар хоричи кишвар бояд аз мавкеи манофеи амнияти миллату давлат сурат гирад. Холо дар дохили кишвар имкониятхо барои тайёр кардани уламои дини мавчуданд. Имрузхо раванди чахонишави авҷ мегирад. Ин уламо бояд симои милли дошта бошанду дастовардхои илми муосирро бо ахлоки милли-дини пайванд карда тавонанд, онхо чузъи зиёиёни миллатанд, махз чунин нафарон метавонанд, дар пешгири кардани раванди сиёсисозии ислом ва радикализми дини шарики давлати дуняви бошанд. Бо хамин хотир Хукумати кишвар барои бозпас гардондани фарзандоне, ки дар донишгоххои улуми хоричи тахсил доштанд, тасмим гирифт, яъне амнияти милли онро такозо дорад. Дигар норохатии Оятулло Сафии Гулпоягони он аст, ки гуё макомхои точик бо манъи номгузории фарзандон ба номхои динии Мухаммад ва Абдуллох масъалаи салби хуввияти исломи дар Точикистонро таъкиб мекунанд. Чунин конун дар кишвари мо мавчуд нест. Чаноби Оли, Президенти мухтарами кишвар Эмомали Рахмон, яке аз аввалинхост, ки талош барои номгузории муносиб кардааст. Баръакси андешахои Оятуллох истифодаи номхое чун Мухаммад, Абубакр ва Умар густариш меёбад. Президент дар суханрониаш ба муносибати рузи чахонии кудакон чилавгири аз истифодаи номхои магшуш номуносиб кард. Ба Оятуллои мазкур зарур аст, ки сараввал бо Конститутсияи (Сарконуни) кишвар шиносо шавад, дар он чо баробарии мафхумхои демократи, калимаи дуняви истифода шудааст. Яъне, дар кишвари мо идеологияи ягон хизбу харакатхои сиёсиву дини голиб дониста намешавад. Он аз тарафи мардум ба таври озодона пазируфта мешавад.Фарзанди нек номбардори падар шавад, мегуянд. Вакте Худованд медонад, ба зиммаи у масъулияти бузург мегузорад. Мир Саид Алии Хамадони дар ин хусус дар «Захират- ул- мулук» фармудааст: «Эй азиз, бидон, ки фарзанд амонати хак аст, модару падар ва мусталабаи хукуки ин амонат дар мачмаи киёмат хохад буд».Ва меъёрхои тарбияи фарзанд кадомхоянд? Президенти ЧТ Эмомали Рахмон дар ин бобат гуфтааст: «Меъёрхои ахлоки, дини ва хукуки тавассути китобхои мукаддасу суннати паёмбарон, асархои тарбияви, панду андарзхо ва хатто санадхои меъёрии хукуки сархадхои озоди ва меъёру худуди масъулияти волидайн ва фарзандонро мукаррар мекарданд». Яъне, масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, ки чузъе зи инсон аст, аз давраи шинохти инсон худро масъалаи раками як буду мемонад. Ба андешаи мо конуни ҷумхури дар ин бобат шояд андак бо таваккуф кабул гардид. Зеро чи тавре дар боло зикр шуд, талотуми туфонхои чахонишави ба хар гуна акидахои ногувор оварда метавонад.Хочи Акбар Турачонзода аз зумраи рухониёни шинохтаи мамлакат аст. У ба чои дастгирии Хукумати кишвар, ки дар пайи ташаккули инсони комил икдоми начиб кардааст, дар вокуниш ба кабули ин конун тавассути парлумони Точикистон ба хабарнигоре мегуяд: «Вокеан бо нихояти афсуси бузург хабардор шудам, ки дируз конун дар бораи масъулияти волидайн, бидуни тагйир хамчунон, ки хукумат пешниход карда буд, кабул шудааст. Тибки ин конун акнун чавонони то 18-сола агар ба масчид раванд, падару модарашон ба чазо кашида мешаванд. Хамчунин ба Кодекси Чинояти дируз илова кабул кард, ки хар касе, ки мактаби дини дорад, яъне хар касе агар ду кудакро Куръон омузиш дихад, аз 5 то 12 сол махкум ба зиндон мекунад. Пештар чазои маъмури буд, холо аз 5 то 12 сол махкум ба зиндон мекунанд. Вокеан хам як мусибати бузург барои миллат бо кабули ин конун ба сараш меояд». Мухиддин Кабири, Саидумар Хусайни, вакилон аз хизби нахзати исломи дар парлумони Точикистон низ кабули ин конунро мухолиф бо арзишхои дини унвон кардаанд. Баъди мутолиаи андешахои мазкур як бори дигар сатрхои конунро аз назар мегузаронам. Саропо дастури комил аст барои волидайн дар бобати таълиму тарбияи фарзанд. Дар ягон чо монеаро барои ба масчид рафтани фарзандони то 18 сола дучор намеоем. Танхо як чо таъкид шудааст: «Иштироки фарзандонро дар иттиходияхои дини, бо истиснои фарзандоне, ки ба таври расми дар муассисахои дини ба таълим фаро гирифта шудаанд, ичозат надиханд».Конуни мазкурро, ки чунин мухтавои баланд дорад ва ба тарбияи инсон нигаронида шудааст, зери шубха мондани Хочии мухтарам ба кадом максад аст? Ба максади барангехтани игвои навбати чун охири солхои 80-ум? Ба максади беобру кардани сохтори кунунии Хокимият? Агар не, чаро у ин конунро беаклона ва бефоида медонаду таассубгарони сиёсиву динии оламро бо шур ба сари давлати сохибихтиёру сохибистиклоли мо меангезад? Хадаф маълум аст: Агар чавонону наврасон ба мактаб нарафта, шабу руз ба масчидхо рафта мавъизаву каломи нимчамуллохои нохондаро гуш кунанд, аз мактабхои тахсилоти миенаи умуми, тачрибахои истехсоливу лаборатори дур монанд, яктарафа тарбия ёфта ба роботхои дахшатнок мубаддал хоханд шуд. Образи чунин манкурт дар асари Чингиз Айматов «Дурохаи бурони» зикр шудааст. Кахрамони ин асар модари худро ба катл мерасонад, гарчанде шиносад хам. Барои он ки хукми хочааш, хукми Худовандро дорад. Навраси чавон чунин тарбия гирифта хохари худро аввал аз мактабрави боз медорад, баъдтар аз хона баромадан намемонад, хатто модари хешро аз ширкат дар корхои чамъияти боздоштани мешавад ва дар холи радшавии хохишхояш дар рохи хак ба худкуши ва чиноятхои дигар даст мезанад.Ташвиши Хочи Турачонзода аз камшавии зиёратчиёни худ аст на аз чизи дигар, аммо ин чиз ба кадом бахое, ки у хохад муяссар нашудани аст. Мардум имруз дар асри 21 зиндаги доранд, усулу роххои муттахидсозии наврасону чавонон гуногун аст, аз таърихи дину ойини ниёгонашон тавассути китобхои дарси огохи доранд, вазъи сиёсиву сатхи рузгори давлатхои исломи ба хамагон маълум аст. Хама медонанд, ки то вакте ки исломро ба 73 равия, чараен пора мекунанд, мазхабхо ба якдигар ошти нестанд, мусалмонон бо хамдинон, пайравони дигар аден тахаммулпазир нашаванд, оромиву сулху субот дар ин кишвархо пойдор нахохад монд. Албатта тавассути халномаи суд барои бедонишмонии фарзандон ва бехудагардии онхо волидонро чарима андохтан як андоза берахмист, аммо хамаи ин волидайнро хушдор медихад, ки ба чомеа насли солим ворид созанд, то бинои чомеаи солим бунед гардад. «Рузхое, ки замони совети буд, солхои 30-40-ум, 70-уму 80-ум, бозгашт шуда истодааст. Максади асоси мардумро аз дин дур кардан аст». Ана, инанд пешгуихои пешвои собики диндорони кишвар. Ташбех ба гояти игрок расидаасту беинсофии хочи аз эътидол баромадааст. Наход рузгори имрузаи мардум, диндории онхо, муносибати давлати кунуниро ба дини мубини ниегон киесшаванда бошанд. Охир дар он солхо барои ёфтани китоби форси, донистани алифбои форси, хондан дар пеши мулло, мадраса, чалби шогирдон шахсро бадаргаву хабсу катл интизор буд. 62 дар сади сокинони минтакаи Хатлони кишвар бар асари даргирихои шахрванди, гасби ишголгарони шурави катлу бадарга шуданд. Ба фарзанди муллову эшонхо мансаби давлати намерасид. Барои никохи писару духтари чавон муллои дехаи моро ду сол хабс карданд, барои дар чанозаи рухонии шинохта ширкат варзидан даххо нафарро аз хизб хорич, аз мансабхо дуру бадном сохтанд. Масчидхоро анбори аспхонаву хархона карданд. Майитро солхои охир дар сандуки филизи бо шиму пичак, галстук, туфли ба хок месупориданд. Рохбарони хизбию шурави аз талаффузи калимаи Худо метарсиданд. Рохбарони давлат, шахру навохи, махал ва муассисахои мо чи? Дар айёми мохи шарифи Рамазон хайати вижаи мактабу маориф ба мактаб омада ба зури рузаи моро мехуронданд. Шохиди вокеи хастам. Талабае барои тасдики суханаш ба номи Худо касам хурд. Муаллим чи хеле, ки саги газандаро чазо медиханд, уро мезаду мегуфт. «Худоятро ба ман нишон дех!» ва он омузгор танхо дар солхои истиклолият имон овард. Холо хочии мухтарам аз манъ кардани мавъизахои дини дар маъракаву туйхо изхори норозиги доранд. Хамаи ин манъкунихо окилонаву дурандешона мебошад. Дар маъракае дар махаллаи Автовокзал ширкат доштем. Муллое бо номи Сирочиддин мегуфт: Фалон муаллим галстукаш думи харворе ба кор рафту ба чаноза иштирок накард! Фалони дар туяш ба чои мулло хофиз Буризод аст, Каврзодро овард! Шод гардонидани дили инсонхо ба Хачи Акбар баробар аст. Ки хукук медихад ба мулло, ки шахсони ба у бади накардаро тахкир намояд, ранчонад. Чунин муллохою эшонхо ягона нестанд. Туйхову худоихо, хочиталбонхо, хатнасурхо, чанозахо ба минбари худнамои, чилваи саллаву ришу фаш, касдгири, рахнасозии вахдати мардуми махаллу маконхо то ба давлатдори расид. Ягон кас пеши ин хатару масъулияти мавъизахоро гирифтан намехост. Миёнаи садои мошин, гавгои бозоракихо, овози хайвонот, даруни мошинхо мехости намехости, зик буди ё хушхол, маст буди ё хушер мавъиза мешуниди. Сухани шоистаю волои худовандро пургуёну харзагуён хор карданд. Тайи солхои 2005-2010 ба монанди охири солхои 80-уми асри гузашта кариб буд диндорон чомеаро ба фатвову мавъизахои мухталифашон ду кисм намоянд. Хар мулло, хар эшон хар хел фатво медод, хатари порашавии давлат ба миен омаду ин касофатхо боиси ин монеахо аз чониби давлат шуданд.Яъне, диндорони мо дар рохи Худованд хидмати хирсона карданд ва имруз хочи хамаи инро нодида гирифта, ба Хукумат санги маломат мезанад. Дар як деха 5-6 мактаб аст, рохбарони онхо иттифоканд, дар як деха ду масчид аст, муллохо, имомхатибон бо хам муросо надоранд. Чаро? Аввал гиребони худро бибуем, бидонем, то кадом андоза инсофу имон дорем. Азхуд кардани сураву оятхои Каломи Шариф, донистани аходиси паёмбар, аркони шариат холо мусулмони нест, хамаи ин холо фахми назария мебошанд. Дар баробари донистану дуруст кироат кардани сатрхои мукаддас, риоя ва амали онхо фарз аст, мисли он ки ба ронанда баробари донистани коидахои харакат дар роххо ичрои дурусти онхо дар лахзахои мушкил начотбахш аст. Хочи Акбар аз он норози аст, ки конун дар бораи масъулияти падару модар аст, на масъулияти фарзандон барои парастории волидайн. Ба шумо тавсия медихам, ки боби 3-юми конунро мутолиа кунед. Ончо навишта шудааст: Моддаи 10, ухдадорихои фарзанди болигу кобили мехнат дар нигохубин ва таъмини падару модар. Фарзанди болигу кобили мехнат ухдадор аст, ки падару модари худро нигохубин ва таъмин намуда, онхоро аз чихати модди ва маънави дастгири намояд. Дар холати ичро накардани ухдадорихои мазкур фарзанди болигу кобили мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории ЧТ ба чавобгари кашида мешавад. Хамчунин дар боби 4-ум ухдадорихои омузгор, макомоти давлати, муассиса ва дигар ташкилотхое, ки масъалахои вобаста ба таълиму тарбияи кудакро танзим мекунанд, низ зикр шудаанд. Интикоди нафарони зикршуда дар мавриди ба мухлати аз 5 то 12 сол ба зиндон махкум кардани касоне, ки ду кудакро Куръон омузонад, бепояву беасос аст. Дар конуни мазкур ягон чумла, сатр, калима дар ин бобат мавчуд нест. Худ ба худ маълум аст, ки агар мактаби хонагии мулло мугризона ё боиси даромади пуливу моли ё таргиби сиесати бегонапарасти набошад, чаро аз кайди андоз ё вазорати маориф намегузарад? Чи мардуми Точикистон тифланд, ки онхоро фиреб медихед? Худатон фиреб мехуред. Аз касофати чунин мактабхо вокеахои хунини водии Рашт сар заданд. Устод Айни хануз дар огози асри 20 тарзу услуби таълими мактабхои дини, мадрасахои Бухороро мушохида намуда, дар боби «Фитнаи шиаву сунни»-и китоби «Таърихи инкилоби фикрии бухороиен» менависад: Талабахои Бухоро чихати бехабар буданашон аз таърихи Ислом ва ахволи олам ба талаккии афкори таассубпарварон кобил буданд, ба андак гайрати мулло Камар хама дар изхори таассуб хозир буданд. Баъд муаллиф сахеху рушан окибати хунини таассубро нишон медихад. Яъне андак бахона барои таассубгарон лозим буд, ки хонаву хавлии эрониени Бухороро горат намуда, даххо нафари онхоро ба ишораи раис Бурхониддин ва вакили у мулло Камар катл карданд. Таассуб хох дар шакли динист, хох дар шакли сиеси, хох махали захр аст. Айни хол таассуби сиесиву махалли чоннок шуда, таассуби диниро пеша менамоянд, суйистифода мебаранд, дини мубини исломро бадном месозанд ва диндорони мо набояд хешро дар ин кашмокашихо зомин гардонанд. «Хизби исломии Узбекистон», «Хизбуттахрир», «Салафия» ва «Чамоати Таблиг» барин гуруххо пинхониву ошкоро миени мардум махсусан, наврасон фаъолият намуданд. Хар сол даххо нафар чонибдорону пайравони онхо ба махкама кашида мешаванд. Аксари чунин нерухо дар кисми шимолии кишвар фаъолият менамоянд. Хукумат ба максади пешгири аз захролудшавии ин хизбу харакатхои бегонапарасту чудоиандоз дар моххои маю июни соли равон дар вилояти Сугд аз ноилочи дари 60 мактаби амалкунандаи исломиро баст. Диндорони машхури мо дар киболи ин нооримихо хомушанд ва хомуши ду маъно дорад, кадомаш ба беамалии онхо мувофик аст, хаволаашон ба худо. Хамаи ин бетарафихо ба осиеби бадхохони хоричи кишвар об мерезад, ба кавли онхо «киш-киш» мекунад. Яке аз онхо Мавлоно Саид Чалолуддини Умар, Раиси чамъияти исломии кишвари Хиндустон аст, ки надидаву надониста Конун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро «ноодилона», «бемантик» ва «зиддидини ва мукобили иродаи халки Точикистон» ном бурда, моро хушдор додааст, ки насли бедин тарбия ёфта, боиси мушкилоти нав ба нави кишвари мо хохад шуд. Пас хамаи захматхои мо- волидон, теъдоди зиеди мактабхо, богчахо, омузгорону мураббияхо барабас рафтанд, ки Хочи Акбару Мавлоно Сайид Чалолуддини Умар, Оятуллох Гулпоягони моро тез-тез хушдор медиханд. Зиндаги хамзамон ором шудааст. Хама ба казову кадар, хости Худованд бовари доранд ва ба кавли Мавлоно Абдурахмони ЧомиЧоми макун андеша, ки тагйир наёбад,Аз рузи азал харчи мукаррар шуда бошад.Мусулмони охиста-охиста аст, чанобон. Тахаммулпазири, сабури хоси дини мубини ислом, пайгамбари азизамон Мухаммади Мустафо, пешвои мазхаб Абуханифа Нуъмон ё Имоми Аъзам ва хамаи диндорони асил мебошад. Зиндаги элак хаст, хамаро мебезад, тарозу хаст, хамаро бар мекашад, мохияти конун зарур ё нозарур, окилона ё ноокилона будани конунхоро батадрич муайян месозад, баду нек, каму бешро чобачо мекунад. Хар кас киштаи хешро медаравад. Ба Шумо зарур аст, ки ба забону ба гуфтахои хеш сохиб ва масъул бошед, мабодо аз харфи ночои шумо сари сабзе барбоду диери сабзу хурраме хазон нагардад, нифокангези миени мардум гунохи азим аст, назди худованд он нобахшиданист.Гузашта аз ин, танхо шумоён мусалмон нестед. Чаро кариб миллион сокини кишвар ва дигар пайравони ин дини мубин, дар киболи конуни мазкур хомушанду шумо аз номи хама гап мезанед. Агар конун хилофи раъйи мардум мешуд, холо дар садову симои хусусиву давлати, вохурихои хамарузаи сарвари давлат сару садо баланд мегашт. Ба эхсосот дода нашавед, ин мардум мардуми солхои 80-90-ум нест. Ки будани пешвоёнашон, кумондонхояшонро донистанд. Хохишмандем аз нав конунро бихонед, шояд бидонед, дарк созед, ба ёд оред рузхои сахтеро, ки чони ахли кишвар дар муй овезон буд, шояд он гох шукр кунед, ки ба 20- солагии истиклолияти давлати расидем. Акнун мебояд ба тарбияи фарзанд сидкан бикушем, то сахву лагжишхои пешина дигар такрор нашаванд. Дигар мардум ба он рузхои пурхавлу пурмусибат, гурезагию гуруснаги ва кашшоки ру ба ру нашаванд. Афзалияти ободиву озоди дар назди Парвардигор аз хама бештар аст. Чарохатҳо аз чахли сиесатмадорону мансабпарастии хизбиён, рухониени сиехдили мутассиб дар калбхои бегунохчабрдидагон хануз ру нагирифтааст. Мову шумо, ки куввати неки кардан ба онхоро надорем, биеёед акаллан бадиро раво набинем. Агар айб чуем, гунахкор кобем, пас хама мучрим хастем, ягон банда аз айбу губор пок нест. Конунхо вобаста ба иродаи мардум амал мекунанд, мисли гизоанд ба тану чони замон, макон. Агар ба мароми сокинони кишвар мувофику мутобик набошанд, худ ба худ ботил хоханд шуд. Ниез ба пуштибони, сангзанихои мову шумо намемонад. Зиндаги муаллими чидди, сахтгиру якраву берахм аст. Ба хар амал бахои хакики мегузорад. Мардумро осуда гузоред, чанобон, то худ осуда бошед!С.Абдулло, рузноманигор