Омори дуруст- далели пешравист
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2010 бо мақсади тарҳрезии минбаъдаи барномаҳои иқтисодю иҷтимоӣ дар Ҷмҳурии Тоҷикистон, дарёфти маълумоти дақиқи оморӣ оид ба шумораи аҳолӣ, дараҷаи маърифати он, ҷойгиршавии аҳолӣ дар сартосари кишвар ва муҳоҷирати дохилӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд.Вобаста ба баргузории ин масъалаи муҳими сиёсӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод бо директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем. — Зарурати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна шарҳ додан мехоҳед? — Баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 –уми августи соли 2005 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» ва аз 4 –уми июли соли 2006 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» манша мегирад. Агентии омори назди Президенти ҶТ ба иҷрои корҳои давраи тайёрӣ ва гузаронидани ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳамон давра корашро оғоз намуд. Бо назардошти Фармони Президенти ҶТ аз 29 августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010», Агентӣ тавассути комиссияи таъсисёфта дар давоми 10 рӯз дар қаламрави ҶТ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро анҷом дод, ки он барои ташаккулёбии ҷомеаи муосир, тараққиёти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиши сатҳи муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷии шаҳрвандон, шароитҳои манзилии аҳолӣ ва умуман фонди манзили ҷумҳурӣ муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.Баъд аз ба тасвиб расидани қарорҳои дар боло зикршуда як қатор корҳо ва чорабиниҳои давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил амалӣ гардиданд, аз ҷумла: — заминаи ҳуқуқии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил фароҳам оварда;- барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо назардошти таклифу пешниҳоди мушовирони байналмилалӣ таҳия гардида, бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуд;- бо мақсади санҷиши барнома ва методологияи гузаронидани барӯйхатгирӣ соли 2008 дар шаҳру ноҳияи Роғун барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил сурат гирифт;- сарҳадҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо аниқ карда шуда, номи кӯчаҳо ва рақамгузории хонаҳо дар маҳаллаҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон ба тартиб дароварда шуданд; — маводи харитавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиб дода, нусхабардорӣ карда шуданд; — нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ тартиб дода шуд; — варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил чоп ва дастраси мақомоти маҳаллии омор гардид. Бояд тазаккур дод, ки хароҷоти тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, коркард ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил асосан аз ҳисоби буҷаи давлатӣ пардохт гардида бошад ҳам, аммо саҳми баъзе ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла саҳми Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷиистон, JICA Евростат низ назаррас мебошад. Дастгирии ташкилоти байналмилалӣ асосан дар се марҳила сурат гирифт, ки шарҳи он чунин аст: а) расонидани ёрии техникӣ ба манзури хариди барнома, техника ва таҷҳизот; б) расонидани ёрии методологӣ аз тарафи коршиносони байналмилалӣ; в) дастгирии молиявӣ ҷиҳати пардохти хароҷоти иштироки кормандони мақомоти омор дар машваратҳои сатҳи чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ; — Ҷараёни сканеркунонӣ ва верификатсияи маълумоти ба дастомада ё худ коркарди техники он чӣ гунна сурат мегирад?- Бо мақсади амалигардонии ҷараёни коркарди варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар асоси шартнома кормандони муваққатӣ ба ҳайси қабулкунандаҳои ахборномаҳо, рамзгузорон, ҷобаҷогузорон, сканерчиён ва верификаторҳои маълумот ба кор ҷалб гардиданд. Бо кормандони муваққатан барои тайёр ва коркард намудани маводи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалбшуда барои мӯҳлатҳои муайян дастурҳои омӯзишӣ дода шуданд, ки кормандон бо истифода аз ин рафти кор ва тартиби иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда ба таври мушаххас шинос шуданд. Дар айни замон, иҷрои корҳо оид ба қабули сумкаҳо (манзур ахборномаҳо аст), рамзгузорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сканеркунонии маводи барӯйхатгирӣ пурра ба итмом расида, корҳо оид ба верификатсияи маълумот идома дорад.Тавре дар боло ишора шуд, тибқи Фармони Президент аз 29 августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» дар давоми 10 рӯз аз 21 то 30 –юми сентябри соли 2010 дар қаламрави ҶТ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд, ки тибқи он шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ба 7 млн. 565 ҳазор нафар баробар шудааст. Тибқи нақшаи муқарраргардида, аз моҳи ноябри соли 2010 ҳамаи маводи барӯйхатгирӣ ба Агентии омори назди Президенти ҶТ ворид карда шуд. Баробари ворид шудани маводи варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил марҳила ба марҳила барои коркарди мошинӣ тайёр шуда, сипас ҷараёни сканеркунонӣ ва верификатсияи маълумот амалӣ гардонида шуд.Боиси зикр аст, ки дар таърихи гузаронидани барӯйхатгириҳои аҳолӣ бори нахуст усули сканерӣ амалӣ мегардад, ки бартарияти он дар суръати баланд, мавҷудияти системаи назорати саҳеҳи маълумот, сарфаи корӣ ва паст намудани мӯҳлати коркарди маводи воридшуда мебошад.Барномаи коркарди сканерии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҳамкорӣ миёни мутахассисони Агентӣ ва ширкати АВВУУ (Русия), ки оид ба масъалаҳои барномасозӣ ва технологияҳои муосири коркарди маълумот мавқеи хос дорад, таҳия гаштааст. Барномаи мазкур дар рафти коркарди маводи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2008 низ истифода шуда буд.- Дар бораи таъмини шаффофияти паҳнкунии натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил чӣ гуфтан мехоҳед? — Қобили қайд аст, ки натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил моҳҳои апрел – майи соли 2011 ҷамъбаст гардида, ба таври расмӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Аз натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил барои расонаҳои хабарӣ моҳи июни соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид. Бар замми ин, натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди мнзил дар соли 2010 бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ дар ВЕБ – сайти Агентии омори назди Президенти ҶТ ҷойгир карда шуда, то замони ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатнирии аҳолӣ ва фонди манзил мавриди истифода қарор дода мешаванд.Агар ба ҷараёни ин чорабинӣ дурустар назар афканем, таъсис додани чунин гурӯҳи корӣ пеш аз ҳама бозгӯи таъмини шаффофияти паҳнкунии натиҷаҳои расмии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 ва дар мӯҳлати муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Чунонки ҳамагон тавассути ВАО огаҳӣ доранд, ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бевосита шомил гардиданд, ки истифодабарандагони асосии маълумоти оморӣ буда, дар кори ҳаррӯзаи худ аз иттилооти оморӣ истифода мебаранд. Мо ҳама дархосту хоҳиши истифодабарандагони маълумоти омориро оид ба натиҷаҳои расмии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 ба инобат мегирем ва умед дорем, ки ин ҳамкорӣ бо ҳамаи истифодабарандагони маълумоти оморӣ натиҷаҳои хубу самарабахш хоҳанд дод.