Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон

Август 8, 2011 10:42

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз, 8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ, оғози сохтмони иншооти нави дигар ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар кард.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии ҳамадонӣ оқоз ёфт.Дар шаҳри Кўлоб бо иштироки Президенти кишвар нахуст дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдат бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 бо 240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо омода гаштани ин бино шумораи ҷойҳои нишасти мактаб ба 1050 расид.Хотиррасон бояд намуд, ки маҳаллаи Ваҳдат бо кўмаки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ дар як муддати кўтоҳ барои қариб 800 оилаи бар асари сели пурдаҳшати моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмонда бунёд гардида буд. Худи ҳамин рўз дар ин маҳалла боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуд, яке барои 970 хонанда дар ду баст ва дуввумӣ барои 2400 кас дар ду баст пешбинӣ шудааст.Яке аз онҳо мактаби дуошёнаи рақами 27 аст, ки дар зарфи 30 соли охир бо сабаби валангору садамавӣ буданаш аз истифода боз монда буд. Ин мактаб бо қамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ тармиму навсозӣ шуда бо шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфҳои компютерӣ ва ҳунаромўзӣ таъмин гардид. Ифтитоҳи мактаби сеюм, ки аз биноҳои зебою замонавии ду ва сеошёнаи нав иборат аст, боиси шодию нишоти бепоён ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Кўлоб гардид, зеро ин боргоҳи илму маърифат дорои навтарин шароити таълиму тадрис мебошад. Дар саҳни ин мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми Кўлобшаҳри бостонӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт ва барои рафъи як зумра мушкилу монеаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми сентябри соли равон бо дастрас намудани 700 компютер нишондодҳои барномаи компютеркунонии мактабҳо дар шаҳри Кўлоб пурра таъмин карда шавад.Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи бунёди Мактаб-интернати президентӣ, ки барои 1280 хонандаи хушлаёқат дар ду баст пешбинӣ шудааст, санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошта, ба сохтмони он оқози расмӣ бахшид.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он аз бинои сеошёнаи таълимӣ, хобгоҳ барои 400 нафар хонанда, ду бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ бо 60 хона барои омўзгорон дар майдони 6 га дар зарфи ду соли оянда бунёд меёбад.Мактаб-интернати президентӣ дорои синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, толори бузурги варзишӣ дарозию паҳноияш мутаносибан 48 ба 30 метр бо 500 ҷойи нишаст барои тамошобинон, ва ҳамчунин дигар шароити навтарини таълиму тарбияи насли наврас хоҳад буд.Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтани 2 бинои нав дар Коллеҷи омўзгорӣ, ки дорои шароити муосири таълиму тадрис ва таҷрибаомўзии касбӣ мебошанд, боиси хушнудию сипоси аҳли илму маърифати шаҳри Кўлоб гардид.Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои нави Коллеҷи омўзгорӣ дорои 19 синфхона ва 450 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Биноҳои мазкур бо харҷи 6 миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.Дар маркази шаҳри Кўлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дўзандагӣ ба фаъолият оқоз кард, ки дар он 600 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Тавре Сарвари давлат иброз дошт, кори пурмаҳсули чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки воридоти сарулибоси кормандони низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва либосҳои кории дигар вазорату идора ва корхонаҳо аз хориҷи кишвар кам карда шавад. «Ба ин тартиби кор ҳам асъори хориҷӣ ба берун намеравад, ҳам ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад ва ҳам даромади буҷетҳои маҳаллӣ афзун мешавад», таъкид дошт Президенти кишвар. Чунонки зикр гардид, талабот дар бозори дохили кишвар ба маҳсулоти ин корхона, ки аз матоъҳои хушсифат ва тарҳи дилхоҳи мизоҷон дўхта мешавад, хеле зиёд аст. Роҳбарияти корхонаи дўзандагӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, бо ҳидояти Сарвари давлат ўҳдадор шуд, ки то охири соли равон як коргоҳи дўхти пойафзол кушода, дар он 300 нафарро бо кор таъмин намоянд. Онҳо бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қавл доданд, ки соли оянда боз як коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд намуда, дар он 150 нафарро ба кор қабул мекунанд.Дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кўлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург оқоз бахшид.Тавре таъкид гардид ин обанбор барои оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад. Ин обанбор дар майдони 65-70 га доман паҳн намуда, имкон дорад, ки 14 миллион метри мукааб обро дар худ нигоҳ дорад. Оянда баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтан аз ин обанбор шаҳри Кўлоб бо оби нўшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин гардида мардуми шаҳр аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд ва ҳам мушкили таъмини оби нўшокию обёри заминҳои кишт бартараф мешавад.Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нўшокӣ ва корези шаҳри Кўлоб нав карда мешвад.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 8, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд