Сафари кории Сарвари давлат ба ВМКБ

Август 16, 2011 13:30

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафт.Сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.Дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пули азиме дар болои рўди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Ифтитоҳи ин пули бузург, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рўди Панҷ дар ин мавзеъ гардид. Хусусан шодию нишоти мардуми деҳоти наздики Афғонистон беҳадду канор буд, зеро зиёда аз 10 ҳазор аҳолии ин гўшаи ҳамсоякишвари дўсту бародар то ин вақт умуман ба ҳеҷ самт роҳи мошингард надоштаанд.Тавре зикр гардид, лоиҳаи бунёди ин пули азим дар асоси қарордоди сеҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Созмони рушди Оғохон татбиқ гардидааст.Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна будааст. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми ноҳияи Ванҷ ва сокинони деҳоти наздисарҳадии ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо ифтитоҳи ин пули азим табрику таҳният гуфта, онро тўҳфаи арзанда ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид. Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зикр гардид, ки ин пули чоруми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Таъкид гардид, ки пули Ванҷ имкон медиҳад зиёда аз 70 ҳазор аҳолии тоҷику афғон аз ду соҳили рўди Панҷ миёни ҳам робитаҳои саҳлу мустақими нақлиётию тиҷоратӣ ба роҳ монда, сатҳи зиндагии худро беҳ созанд.Тавре иттилоъ дода шуд, аз ду ҷониби пул дар хоки Тоҷикистон ва Афғонистон бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол мегарданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нуқтаҳои санҷишии сарҳадбонону кормандони гумрук бунёд ёфта, бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису назорат муҷаҳҳаз гардидаанд. Лоиҳакашӣ ва сохтмони ин пули азим аз ҷониби муассисаҳои ватании Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷараёни он беш аз 450 нафар соҳиби кору маоши хуб буданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 16, 2011 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад