«Сангтӯда-2»- қадами устуворе ба сӯи Истиқлолияти энергетикӣ

Август 17, 2011 11:12

Душанбе, 17 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки яке аз иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад, дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Интизор меравад, ки дар маросими ба истифода додани НБО «Сантӯда-2» Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ширкат варзанд.Назар ба иттилои раиси мудирияти дастгоҳи назорати техникӣ дар НБО «Сангтӯда-2» Маҳмадамин Сафархолов корҳои сангу хокбардорӣ ва сангу хокрезӣ дар ҳамаи иншооти нерӯгоҳ беш аз ду миллион метри мукааб, хусусан дар минтақаи бунёдшудаи иншооти нерӯгоҳ беш аз 1 миллиард метри мукааб ба сомон расонида шудааст. Дар ҳамаи қисмҳои таркибии иншоот корҳои сохтмонию васлгарӣ шабонарӯзӣ идома дошта, то ба имрӯз корҳои сохтмонию васлгарии иншооти олати тақсимоти кушода ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуда, таҷҳизоти гидравлии нерӯгоҳ, аз қабили дарвозаҳои вуруду хуруҷ ва аслии иншооти обпарто ва худи иншооти обпарто мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.Маҳмадамин Сафархолов афзуд, ки корҳои сангу хокрезӣ тавассути шиббакунӣ беш аз 394 000 метри мукааб, аз ҷумла дар бандаки болоӣ беш аз 189 000 метри мукааб дар бандаки поёнӣ бошад зиёда аз 54 000 метри мукааб ва қисми мобайнии он беш аз 150 000 метри мукааб расонида шудааст. Инчунин, кӯбидани динамикӣ дар се марҳилла ба анҷом расонида шуда, корҳои сангу хокрезии баданаи сад, поло, заҳкаш, маркази он ва девори оббанди сад бо суръат идома дорад. Ҳамзамон, корҳои шабонарӯзӣ барои васлу насби ҳар ду гидроагрегати нерӯгоҳ, ки тавоноии онҳо 220 мегаваттро ташкил медиҳад, идома дошта, корҳои васлу насби трубинаи гидроагрегат дар арфаи анҷомёбист. Инчунин, системаҳои зиддисӯхтор ва бообхунуккунии долонҳо ба пуррагӣ ба итмом расонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ин иншооти муҳими стратегӣ 867 нафар мутахассисон кор менамоянд, ки аз он 585 нафарашро мутахассисони маҳаллӣ ва 282 нафарашро мутахассисони эронӣ ташкил медиҳанд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон сохта шуда, дар бунёди он ширкатҳои «Фароб», «Умронӣ», «Мурун», «Маҳоби Қудс», «Фановарии навини нерӯ», «Тарванд тадбир » «Сангоб», ширкати пружаи сад ва нерӯгоҳи «Сангтӯда- Сангоб» (фармоишгар) саҳм гузоштаанд.  Дар ин ҷо шаҳрча сохта шудааст, ки дорои тамоми шароити мусоид барои кормандону мутахассисони иншоот аст.Маврид ба ёдоварист, ки тибқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон иншооти мазкур мебоист моҳи феврали соли 2012 ба истифода дода мешуд. Аз ин рӯ, бо мақсади сари вақт бунёд кардани нерӯгоҳ таҷҳизоти он бо роҳи оҳан, роҳи ҳавоӣ, тавассути марзи Афғонистон, Чин –Қирғизистон ба воситаи трайзерҳо -нақлиёти боркаш ва тайёраҳо ба маҳали сохтмон дастрас карда шудаанд. Аз ҷумла, ду адад трансформатори иншоот ба воситаи таёраи боркаши «РУСЛАН» ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оварда шуда, баъдан ба тавассути трайзкрҳо ба маҳали сохтмони иншоот интиқол дода шудааст.НБО «Сангтӯда-2», ки дар 100 километрии қисмати ҷануби Душанбе сохта шудааст, дар як сол бо иқтидори 1 миллиард киловатт соат-нерӯи барқ истеҳсол менамояд. НБО «Сангтӯда-2» аз силсиланерӯгоҳоест, ки дар дарёи Вахш бунёд гардида, сохтмонаш моҳи феврали соли 2006 оғоз гардида буд.

Август 17, 2011 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ