Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқ медиҳад
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тоҷикистон ба Афғонистон додани нерӯи барқи худро хотима намедиҳад. То имрӯз Тоҷикистон ҳар шабонарӯз ба Афғонистон дар ҳаҷми 15 мегаВатт қувваи барқ медиҳад.Дар ин бора роҳбари дафтари матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. «Овозаҳо дар бораи он, ки Афғонистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон рӯ мегардонад, беасосу бепояанд», — гуфт роҳбари дафтари матбуоти ширкати мазкур. Мувофиқи суханони манбаъ, баъди пурра анҷом ёфтани сохтмон ва мавриди истифода қарор додани стансияҳои фаръии 220 кВ « «Пули Хумрӣ» ва «Қундуз» ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон меафзояд.Қобили зикр аст, ки бинобар камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон интиқоли барқ ба Афғонистон асосан дар давраи баҳору тобистон сурат мегирад, ки дар ин вақт тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.Хотирнишон месозем, ки мувофиқи санади имзошуда дар моҳҳои август — сентябри соли равон бояд ба Афғонистон 45 миллион киловатт – соат нерӯи барқи Тоҷикистон интиқол дода шавад. Қарордоди имзошуда ҳам интиқоли кафолатдор ва ҳам ғайрикафолатдори нерӯи барқро пешбинӣ менамояд. Тоҷикистон аз рӯи қарордоди кафолатдор ӯҳдадор мешавад, ки ба Афғонистон моҳи август 20 миллион киловатт — соат ва моҳи сентябр 25 миллион киловатт – соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Мутобиқи қарордоди ғайрикафолатдор ин рақамҳо таносубан 5 миллион киловатт – соат ва 8 миллион киловатт – соатро ташкил медиҳанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






