Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо Президент ва вазирони Туркманистон
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 3 августи соли 2011 Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд. Дар оғози мулоқот вазир суханҳои гарм ва нутқи муборакбодии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сардори давлати Туркманистон изҳор намуд.Зимни мулоқот бо Президенти Туркманистон Қ. Бердимуҳаммадов ҷонибҳо муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро арзёбӣ намуда, роҳҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва истифодаи пурсамари имкониятҳои васеи ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судмандро баён намуданд. Аз ҷумла, дар мавриди масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳанг мубодилаи афкор сурат гирифт.Сипас, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммедов баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Мӯҳтавои асосии вохӯрии вазир Ҳ. Зарифӣ ва Муовини Раиси Девони Вазирон — Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи соҳавӣ ташкил дод. Ҷонибҳо ҳамчунин иҷрои лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд.Мусоҳибон таъкид бар он доштанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи чунин раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки дар ҷараёни Саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки моҳи сентябри соли 2011 дар маркази кишварамон баргузор мегардад, Туркманистон раисии ИДМ-ро ба ӯҳда мегирад. Дар охири сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ҳамтои худро барои боздид аз Тоҷикистон дар вақти барояш муносиб даъват намуд. Р. Мередов даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро пазируфт.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






