Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) иҷро шуд, аммо …

Сентябрь 28, 2011 09:41

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ давоми моҳҳои январ – августи соли 2011 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ(ММД) ба 16, 5 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 1 млрд. 715 млн. сомонӣ зиёд аст.Тибқи маълумоти манбаъ, бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани буҷаи давлатӣ, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷа ҷалб карда шудаанд. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи 5 намуди андозҳо; — андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози тягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ, андози коркарди маҳсулот, аксизҳои берунӣ, инчунин аз ҷониби андозсупорандагони калон ба маблағи 158 млн. сомонӣ маблағ таъмин нагардидаст. Муҳим аст, ки Кумитаи андоз оид ба 7 ноҳияи вилояти Хатлон, як ноҳияи вилояти Суғд, як ноҳияи шаҳри Душанбе, ду ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, ки ӯҳдадориҳои худро доир ба қисми даромади буҷаи маҳаллӣ, пурра таъмин карда натавонистанд, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ чӣ баҳонае пеш меоварда бошад?

Сентябрь 28, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад