Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ тайи 20 сол ва имкониятҳо барои рушд

Сентябрь 3, 2011 13:05

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ ҷараён дорад. Тибқи иттилои расида баъди пазироии сарони давлатҳо дар «Кохи Сомон» аз тарафи президент вохӯрии онҳо дар ҳайати маҳдуд доир гардид. Гуфта мешавад, ки пеш аз вохӯрии якҷояи сарони кишварҳои узв нахуст вохӯрии дуҷонибаи президентҳо баргузор гардид. Зимни вохӯрии сарони давлатҳои узв дар Кохи Сомон 11 масъалаи муҳим мавриди муҳокимаи ҳозирин қарор дорад.Баъди ин маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои ба тавофуқрасида ва нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои ҷаласа бо иштироки васеи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор хоҳад шуд ва бо ҳамин ҷаласа ба кори худ анҷом мебахшад. Ёдовар мешавем, ки масъалаи муҳими ин ҷаласа Эъломияи сарони давлатҳои узв доир ба 20 – солагии таъсисёбии ин созмон ва баромади таҳлилӣ доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ тайи 20 сол ва имкониятҳо барои рушд» мебошад, ки ин санад дар нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20 – солагии ин созмон 21 – уми майи соли 2010 қабул гардида буд.

Сентябрь 3, 2011 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад