Ҷамъоварии картошка идома дорад
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 16 ҳазору 28 гектар замин кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи истеҳсоли картошка 351 435 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз ҳосили 6559 гектар ҷамъоварӣ шудааст, ки истеҳсол ба 131 467 тонна (37%) баробар мебошад ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта (2010) ба миқдори 29 970 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ дар соли равон аз як гектар замин ба 200,4 сентнерӣ баробар мебошад.Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 3 163 гектар замин кишти картошка гузарониданд, ки то имрӯз ҳосили майдони 2451 гектар замин ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошка дар вилоят 68500 тонна буда, айни замон 41894 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилояти Суғд дар 6180 гектар замин кишти картошка гузарониданд, ки то имрӯз ҳосили майдони 1700 гектар замин ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи истеҳсоли картошка дар вилоят 137400 тонна буда, айни замон 39100 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 230,0 сентнер баробар мебошад.Дар НТҶ бошад, майдони кишти картошка ҳамагӣ 5300 гектар буда, нақшаи истеҳсоли картошка 116535 тоннаро дар бар мегирад. Айни ҳол 2246 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Истеҳсол бошад аз майдони ҷамъоварӣ карда шуда 47097 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 209,7 сентнер баробар мебошад. Дар вилояти ВМКБ дар масоҳати 1385 га кишти картошка гузаронида шуда, то имрӯз майдони 162 га замин ҷамъоварӣ карда шудааст.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






