35 фоизи ҳосили картошка чамъоварӣ шуд

Сентябрь 21, 2011 11:47

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати кишоварзии вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 35 фоизи ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар майдони 16 ҳазору 28 гектар картошка кишт шудааст, ки то 19 – уми сентябр аз майдони 6 ҳазору 98 гектари он 121 ҳазору 597 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.Тибқи маълумоти манбаъ, cоли ҷорӣ истеҳсоли картошка 351 ҳазору 435 тонна пешбинӣ шудааст. То 19 – уми сентябр беш аз 121 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 25 ҳазору 555 тонна зиёд аст. Бо вуҷуди ҷамъоварӣ шудани 30 фоизи ҳосили картошка нархи он дар бозор паст нашуд , чаро? Бо ин ва боз чанд саволи дигар ба харидорон ва сокинони шаҳр муроҷиат карда шуд. Ба гуфти як сокини шаҳр, ки худро Аббос Тӯраев муаррифӣ намуд, деҳқонон субҳи барвақт ба чанд бозори шаҳр маҳсулоташонро ворид менамоянд. Сипас тамоми маҳсулоти кишоварзӣ ба дасти онҳое меафтад, ки худро «соҳибкор» — «тоҷир» меноманд. «Соҳибкор» — «тоҷир» нархи маҳсулоти харидаашро дар бозор ду баробар зиёд ба харидорон пешкаш менамояд ва касе онро назорат намекунад. Ҳамин тавр нарх дар бозор ба таври стихиявӣ боло меравад. Азбаски талабот ба картошкаю сабзавот зиёд аст он бо кадом нарх, ки вориди бозор нашавад, харидор дорад.Ба гуфти муаллими мактаби рақами 52 – и шаҳри Душанбе Саид Шукраков, роҳи дигари мардумфиребӣ дар бозорҳои шаҳр доштани патенти соҳибкорӣ мебошад, ки онро ҳаннотон бо ҳар роҳу восита ба даст emmawatson-fans.com, ба хариду фурӯши маводи ғизоӣ машғул мешаванд ва то он рӯзе, ки ин ҳаннотон худро ҳокими ягонаи бозор медонанд, нархи ягон навъи маҳсулоти хӯрокворӣ паст нахоҳад шуд, ва гарна чаро бо ҷамъоварии 121 ҳазор тонна картошка нархи он дар бозор ба ҷои паст шудан аз 1 сомонию 80 дирам то 2 сомонӣ боло мерафтааст?

Сентябрь 21, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд