Афзалияти бозори махсусгардонидашуда

Сентябрь 14, 2011 16:52

Муддати ду моҳ инҷониб – шурӯъ аз 15 июли соли равон бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе танҳо барои фурӯши маҳсулоти  кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ махсус гардонида шудааст.Ин тадбир дар асоси қарори шаҳрдорӣ бо мақсади аз рӯи таъинот ба роҳ мондани  фаъолияти бозорҳои шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, инчунин нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва зиёд намудани нуқтаҳои  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи  ғизоӣ андешида шудааст.Дар робита доир ба иҷрои қарори мазкур ва дурнамои  фаъолияти бозори «Шоҳмансур» зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Шоҳмансур» Алиҷон Холиқов гуфт, ки маъмурияти бозор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ барои ҳалли ин масъала   тадбирҳои зарурӣ андешидааст Гӯшаю растаҳое, ки дар онҳо  молҳои саноатӣ фурӯхта мешуданд, дар мӯҳлати як ҳафта барҳам дода шуда, фурӯшандагону соҳибкорон минбаъд молҳои саноатиро дар дигар бозорҳои шаҳр  ба фурӯш мегузоранд. Дар натиҷа беш аз 300 ҷои нишаст барои соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, фароҳам оварда шуд. Инчунин дар  4 самти бозор эълонот овезон гардидааст. Дар он омадааст, ки КВД «Шоҳмансур» аз тамоми истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки  то 10 килограмм  маҳсулот ворид месозанд,  ягон хел чипта талаб  намекунад. Ҳамзамон, дар бозор зиёда аз 300 ҷои нишаст барои хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  барои ҳар кадоме 30 метри мураббаъ ҷой ҷудо карда шудааст. Барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Данғара дар масоҳати 30 метри мураббаъ пешайвонҳои холӣ ҷиҳати фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  ҷудо гардидаанд. Инчунин,  бозор бо хоҷагиҳои ноҳияҳои минтақаи водии Рашт, аз қабили Рашт, Тавилдара,  ноҳияҳои вилояти  Суғд, Хатлон шартномаи дуҷониба бастааст, ки тибқи он маҳсулот  вориди бозор мегардад. КВД «Шоҳмансур» корхонаҳои ёрирасон ташкил намудааст. Дар робита ба ин шаҳрдорӣ 1 миллион сомонӣ барои гӯшт ва 6 намуди маҳсулот ҷудо кардааст, ки ин маблағ ба хоҷагиҳо тақсим карда шуд. Инчунин, баъзе маҳсулот тавассути шартнома бо хоҷагиҳо дастрас карда мешавад, яъне маҳсулот ба дасти дуюму сеюм не, балки тавассути худи деҳқонон ва хоҷагидорон пешкаши муштариён гардонида мешавад.Чанд нафар соҳибкорон дар бозор  фаъолият доранд? Дар бахши кишоварзӣ 1150 нафар то моҳи март ба савдо машғул буданд ва 950 нафари онҳо ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғул  мебошанд.Он соҳибкороне, ки дар бозори «Шоҳмансур»  ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ машғул буданд,  ба кадом бозорҳо  кӯчонида шуданд? Дар асоси қарори раиси шаҳр бо раиси корхонаи «Ганҷина» сӯҳбат намудем. Бояд тазаккур дод, ки дар бозори «Ганҷина» ҳудуди 2000 ҷойи нишаст барои фурӯши молҳои саноатӣ мавҷуд аст. Инчунин бо директори бозори «Корвон»  ва «Роҳи абрешим» низ сӯҳбат доштем ва он  соҳибкороне, ки ба фурӯши молҳои  саноатӣ машғул буданд,  дар бозорҳои дар боло зикршуда  бо нуқтаҳои молфурӯшӣ  таъмин гардиданд.            Махсусгардонии бозор ҷиҳати фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ чӣ афзалият дорад?             Вақте ки маҳсулоти  ғизоӣ дар бозор бисёр гардад, нархи он низ ба танзим даромада ва ба тадриҷ паст мешавад. Алҳол  ба бозор аз тамоми минтақаҳои  кишвар маҳсулоти кишоварзӣ ворид  мешавад, ки ин ҷиҳати ғановати бозор ва дастрас намудани маҳсулоти дилхоҳи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ҳатто аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, масалан аз  Ховалинг аз 500 кг то 1 тонна гӯшт ба бозор ворид карда мешавад. Ҳоло дар  масъалаи таъмини бозор бо гӯшт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.                  Маҳсулоти кишоварзие, ки дар бозор ба фурӯш гузошта шудааст, истеҳсоли Тоҷикистон  аст ё  аз дигар кишварҳо низ ворид карда мешавад?Дар баробари  аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба бозор ворид намудани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ, бахусус аз Покистон низ меваҷот ва сабзавот ворид карда мешавад. Баъди тамом шудани захираи меваҷоти ватанӣ  аз Чин низ мева, хусусан себ ва нок оварда мешавад.Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор дар кадом сатҳ аст?     Бояд зикр кард, ки  14 миллион сомонӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ барои захираи маҳсулоти  ордӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин, маъмурияти бозор бо роҳбарони  бархе аз хоҷагиҳои вилояти Суғд қарордод ба имзо расонидааст ва ба ҳар хоҷагӣ то 500 ҳазор сомонӣ  маблағ тақсим карда шуд.  Соли равон аллакай то 350 тонна захираи пиёз омода  шудааст,  ки ҳосили он баъди чанде ҷамъоварӣ гардида,  дар бозор бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ гардонида мешавад. Ҳамзамон, дар  Ҷиргатол картошка аз ҳисоби маблағҳои шаҳрдорӣ низ кишт гардид, ки раванди он  аз ҷониби муовини Раиси шаҳр  назорра карда мешавад, яъне оё маблағ ба деҳқон рафта расид, чӣ  қадар замин ҷудо карда  шудааст,   кишт шуд,  чӣ қадар ҳосил ғундошта мешавад ва ғайраҳо.Дар масъалаи  тозагӣ  дар бозор, хусусан сифати он маҳсулоте, ки пешкаши муштариён  гардонида мешаванд,  аз ҷониби маъмурият ва сохторҳои марбутаи он чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?Дар масъалаи тозагӣ дар бозор тадбирҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ анедешида мешаванд. Қабл аз ҳама маоши фаррошон зиёд карда шуда, онҳо бо олоту асбобҳои зарурӣ, аз қабили ҷорӯб, сатил ва дигар хушкаю моеъҳое, ки барои тозагӣ махсус гардонида шудаанд,  таъмин мебошанд. Инчунин, бозор дорои мошини махсусе ҳаст,  ки ҳар шом тамоми партовҳоро аз дохили бозор берун мебарорад.  Ҳар моҳ дар бозор рӯзи тозагӣ- санитарӣ гузаронида мешавад.  КВД «Бозори Шоҳмансур»  дар мавриди дезинфексия ва тоза нигоҳ доштани растаю маҳали бозор бо корхонаи «Фавз» ҳамкорӣ дорад, ки он аз  тамоми таҷҳизоти наву муосири  марбут ба нигоҳдошти санитарӣ  истифода менамояд.Дар мавриди таъмини тамоми соҳибкорону фӯрушандагони бозор бо либоси ягона оё ягон тадбир андешида шудааст, зеро то ҷое муасаллам аст ба бар доштанит либоси ягона барои соҳибкорону фурӯшандаҳо шаҳодат аз  фарҳанги баланд аст. Дар масъалаи бо либоси  ягона таъмин намудани соҳибкорону фурӯшандаҳои бозор тадбирҳо андешида шуда, кор карда истодаем. Хусусан барои омода намудани либосҳои ягона бо ширкати «Ёқут- 2000» шартнома бастаем. Аз ҷумла, 1000 адад хилъати сафед бо дастпӯшакҳо барои фурӯшандагони растаҳои нонфурӯшон ва чаккафурӯшон, хилъати сабз барои сабзавотфурӯшону мевафурӯшон  ва хилъати кабуд барои шахсоне, ки ба фурӯши  картошка ва пиёз машғуланд,  омода карда мешавад.  Дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ нархи чипта баланд гардидааст дар бозори «Шоҳмансур» чӣ? Ҳоло нархи чипта дар бозори «Шоҳмансур» аз 80 дирам то 1, 5 сомонӣ муайян карда шудааст. Он ҳам бошад вобаста ба ҷой ва масоҳатест, ки дар он соҳибкор ба савдо машғул аст.Аз санҷишҳо бошад танҳо он маҳсулоте, ки худи  истеҳсолкунанда ва деҳқконон озод ба бозор ворид мекунанд, озод мебошанд. Агар миёнарав дар як халта ё қуттӣ маҳсулот ворид созад, аз ӯ ягон навъи андоз талаб намешавад. Дар як рӯз дар бозор чанд ҳазор тонна маҳсулот  савдо мегардад?Дар як рӯз 4-  5 тонна гӯшт, 20 тонна пиёзу каротошка,  5 тонна орд ва дар маҷмӯъ беш аз 100 тонна маҳсулот савдо мешавад. Аробакашҳои бозор бо либоси ягона таъмин карда шудаанд? Мувофиқи Қарори шаҳрдорӣ дар ҳудуди бозор фаъолияти 81 ароба ба роҳ монда шудааст. Шахсони аз 18 боло ва дорои шиноснома  ба ҳайси аробакаш дар бозор фаъолият менамоянд. Онҳо бо тамғаҳое таъмин гардидаанд, ки дар онҳо мӯхри раиси бозор ҷо дода шуда, ному насаби шаҳрванд ва рақами ароба насб шудааст. Аробакашҳо бо хилъати зард аз субҳ то шом вобаста ба фаъолияти бозор кор мекунанд ва дар як рӯз ду сомонӣ чиптапулӣ месупоранд. Реҷаи кории бозор чӣ гуна аст?Реҷаи кории бозор аз соати 5 субҳ то 10-и шаб муқаррар гардидааст. Дар мавсими зимистон бошад кӯтоҳтар мешавад.Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».         

Сентябрь 14, 2011 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд