Экипажҳои шабонаи БДА
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, бо супориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли 2011 бахшида ба таҷлили ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 10 экипажи автопатрули шабона (аз соати 22 то 07) барои риояи тартиботи ҳаракати нақлиёт сафарбар шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 8 моҳ аз ҷониби 10 гурӯҳи (экипаж) – и нозирони автопатрули шабона 835 ҳолати дар мастӣ идора намудани нақлиёт, 29 ҳолати бе рақами давлати идора намудан, 11 ҳолати ғайриқонуни идора намудани нақлиёти сиёҳшиша, 3 ҳолати ҳамлу нақли бори хавфнок, 12 ҳолати идора намудани нақлиёт бо рақамҳои бегона, 124 ҳолати идора намудни нақлиёт бо асбобҳои садодиҳандаи мамнӯъбуда, 38 ҳолати бавуҷудории вазъияти садамавӣ, 119 ҳолати итоат накардан ба кормандони милиса, 710 ҳолати идора намудани нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 602 ҳолати риоя накардан ба «чароғаки сурх», 234 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 11 ҳазору 233 қоидавайронкуниҳои дигар протокол тартиб дода, ба суд фиристода шудааст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






