Иқтидори энергетикии Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар мамлакати мо боз як лоиҳаи муштараки ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Эрон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин дар фазои тантанавӣ ба истифода додани навбати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда- 2» мебошад.Ёдовар мешавем, ки солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерӯгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳҳои “Помир-1” ва “Сангтӯда-1”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол” ва “Конибодом-Боткент», зеристгоҳи “Сомонӣ”- и шаҳри Кӯлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафтҳои назаррас ноил гардем.Бояд гуфт, ки барои дар рӯзҳои истиқболи бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супоридани навбати аввали нерӯгоҳ саҳми бинокорону сохтмончиёни ширкатҳои кишвари ба мо дӯсту бародари Эрон назаррас мебошад.Президенти кишвар зимни суханронии худ ба ба ҳамаи мутахассисону коргарон ва ширкатҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳим саҳми худро гузоштаанд, сипоси мардум ва давлати Тоҷикистонро баён намуда, ба онҳо дар роҳи ҳарчи зудтар ба итмом расонидани навбати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” барори кор орзу намуд.Ёдовар шудан бамаврид аст, ки лоиҳаи сармоягузории бунёди яке аз иншооти муҳимтарини кишвар – нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки санги асоси он 20 –уми феврали соли 2006 гузошта шуда буд, бо маблағгузории муштарак амалӣ шуда истодааст ва намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои Тоҷикистону Эрон мебошад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






