Коргоҳҳои нави «Сомон — таҷҳизот» фаъоланд
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷамъияти Саҳҳомии пӯшидаи «Сомон — таҷҳизот» дар нимсолаи якуми соли 2011-ум ба миқдори 7 миллиону 774 ҳазору 346 сомонӣ истеҳсоли маҳсулот, корҳои сохтмонӣ ва дигар хизматрасониҳоро иҷро намуда, нисбат ба нақша 2 миллиону 218 ҳазору 346 сомонӣ зиёд маҳсулот баровард, ки ин 140%-и нақшаро ташкил медиҳад.Ҷамъияти Саҳҳомии пӯшидаи «Сомон — таҷҳизот» дар заминаи пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии «Фонон»-и шаҳри Маскави ФР бунёд гардидааст.Айни ҳол дар корхона 12 сех, аз ҷумла сехи истеҳсоли дару терезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, сехи чопи маводи ороишиву рекламавӣ ва сехи дӯзандагӣ низ фаъолият доранд.Ҳамчунин шумораи коргарони корхона 348 нафар буда, музди миёнаи маоши онҳо дар як моҳ 949 сомонӣ мебошад.Тавре директори корхона Абдулҳошим Исмоилов зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт, корхона нақшаи ифтитоҳи сехҳои навро ба роҳ мондааст.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






