Миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Сентябрь 5, 2011 08:41

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии имрўз, 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Барномаи боздиди расмии меҳмони олимақом дар Қасри Миллат бо маросими истиқболи бошукўҳ оғоз ёфт.Маҳмуди Аҳмадинажодро дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом, тибқи талаботи протоколи давлоатӣ, бо саф кашидани ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасии мусиқӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузашти сарони давлатҳо аз назди қатори низомиён, бо нимтаъзим арзи эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони давлатҳо ҷараён гирифт.Баррасии масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.Сарони ҳарду давлати ҳамзабон ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дўстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба, ки бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд.Таваҷҷуҳи асоси ба роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо сурат
гирифт.
 
Аз омода гаштани навбати аввали нерўгоҳи обии Сангтўда -2 ва омодагии ҷониби Эрон ба иштирок дар бунёди дигар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, хатти интиқоли нерўи барқ ва хатти об аз Тоҷиқистон ба Эрон ва пайвасти роҳҳои оҳани ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда бояд корхонаҳои зиёди муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон бунёд ёбанд.Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва сайёҳӣ низ аз мавзўъҳои асосии суҳбат буд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон, иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ ва пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Эрон тавассути қаламрави ин кишвари ҳамсоя гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон;Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар ҷумҳурии Тоҷикистон;Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба имзо расид.Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баҳои баланд доданд.

Сентябрь 5, 2011 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд