Муҳоҷирони тоҷик аз асорат озод шуданд
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Зимни ҳамкории муштараки Раёсати федералии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар кишвари Краснодар ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази минтақавии Ҷануб» якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои яке аз ширкатҳои Краснодар асир буданд, озод карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, корфармоён шиносномаҳои муҳоҷиронро гирифта, бо ин васила онҳоро аз имконияти баромадан аз ҳудуди ташкилоти номбурда маҳрум сохтанд. Кормандони хадамоти муҳоҷират ва прокуратура барои озод намудани 7 нафар шаҳрвандони асирафтодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо баргардонидани шиносномаҳояшон чораҳои таъҷилӣ дида, онҳоро озод карданд. Дар робита бо ин, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати федералии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар кишвари Краснодар, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази минтақавии Ҷануб», ҳамчунин ба ташкилоти ҷамъиятии Маркази миллии адабии «Меҳри Сомониён» — и ҷамъияти тоҷикони кишвари Краснодар барои мадади таъҷилиашон ҷиҳати ҳалли ин қазия изҳори миннатдорӣ мекунад.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






