Нақша иҷро шуд!

Сентябрь 30, 2011 16:12

Турсунзода, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Деҳқонони хоҷагии кооперативию истеҳсолии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз 670 тонна пахта ҷамъ оварда, нақшаро бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Тавре раиси хоҷагии мазкур Раҷабалӣ Сангинов иттилоъ дод, ҳанӯз дар саҳро ҳосил фаровон буда, деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки тамоми ҳосилро беталаф ҷамъ оварда, барои ҳосили соли оянда заминаи боэътимод гузоранд.Умуман деҳқонони хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода саъй доранд, ки имсол зиёда аз 8 ҳазору 232 тонна пахта ҷамъ оваранд. Лозим ба тазаккур аст, ки ҳоло  деҳқонони хоҷагиҳои ба номи Аскаралӣ Мирзоев, «Ҳақиқат», «Боғи Сомон», «Экспресс» илова ба нақша пахта месупоранд.

Сентябрь 30, 2011 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст