Намояндагии нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар Шаҳринав

Сентябрь 29, 2011 15:49

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар ноҳияи Шаҳринав намояндагии нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор гирифт.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд, дар маросими тантанавии ифтитоҳи намояндагӣ Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров ва раиси ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои Пӯлод иштирок ва суханронӣ намуданд. Тибқи суханони манбаъ бо ифтитоҳ шудани намояндагии мазкур барои 30 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам омад. «Бинои намояндагӣ дорои тамоми шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти бонкӣ буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мардуми ноҳия бо хизматрасонии босифати бонкӣ фаро гирифта мешаванд», — зикр намуданд дар маркази матбуоти «Тоҷиксодиротбонк».

Сентябрь 29, 2011 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд