Омодагирӣ ба «Ҳаҷ-2011»

Сентябрь 30, 2011 13:59

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита A. Холиқов машварати ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбаладон баргузор гардид. Муовини Раиси Кумита Ҷ. Ғиёсов оид ба рафти омодагӣ ба сафари «Ҳаҷ-2011» гузориш дод. Таъкид намуд, ки тамоми корҳои вобаста ба омодакунии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комилан анҷом ёфта, тибқи талаботи Дастурамал имсол гурӯҳҳо нисбат ба порсола 5 нафарӣ кам дар ҳайати 45 нафарӣ созмон дода шуданд. Дар асоси озмун бо назардошти забондонӣ ва доштани қобилияти ташкилотчигӣ роҳбаладон муайян ва пазируфта шуданд.Узви ҳайати корӣ, пизишк Абдулло Пиров ба маълумоти ҳозирин расонид, ки барои ёрии аввалини тиббӣ расонидан дар мавсими адои ҳач гурӯхи табибон сафарбар шудаанд. Пеш аз ҳама зарур аст, ки роҳбаладон аз аҳволи гурӯҳи худ пурра хабардор бошанд ва  беморони хосро муайян карда, моро огоҳ намоянд.Ҳамчунин, Сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита С. Завқиев доир ба низоми будубош дар меҳмонхонаҳо сухан карда, аз роҳбаладон талаб намуд, ки ба ҳар як арзу шикояти ҳаҷкунандагон оид ба шароити зист оҷилан тадбирҳо андешанд. Ба одоби муоширати байни худ ва дигарон эътибори зарурӣ бояд диҳем.Таъкид карда шуд, ки  тамоми корҳо дар мавсими ҳаҷ бояд аз рӯи адолат ва ба таври шаффоф роҳандозӣ карда шаванд. Як моҳи ҷаҳду талош, тавбаву надомат ва тоату ибодат барои хар як ҳоҷӣ бояд хотирмон бошад.  Дастур дода шуд, ки Дастурамали адои ҳаҷ, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ омода шудааст, як бори дигар дида ва ба тасвиб расонида шуда, пеш аз сафар ба ҳар як ҳаҷкунанда расонида шавад, то ки ба зиёрат омода шаванд.Дар ҷаласа ҳамчунин бобати ба роҳ мондани корҳои амалии фаҳмондадиҳии зоирин ҷиҳати иҷрои дурусти амалҳои ҳаҷ ва расонидани кӯмак ба пирон сухан рафт.

Сентябрь 30, 2011 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст