Шоу- барномаҳои идонаи ройгон дар Диснелейнди Душанбе
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иншооти мӯҳташами ҷашнӣ, ба истилоҳ Диснейленд — Боғи пойтахт, ки шоми 6 сентябри соли 2011 дар маросими ботантана бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, армуғони идонаест барои сокинон ва меҳмонони Душанбе. Бояд тазаккур дод, ки Боғи умумишаҳрӣ, ки бо усули меъёрҳои муосир дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари Душанбе бунёд гардидааст, дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ назир надоштааст.Дар робита ба ин тибқи дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе баҳри фароғати идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт шоми рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 –уми сентябри соли равон дар Боғи мазкур шоу барномаҳои идона ва армуғони ҷашнӣ ба таври ройгон пешниҳоди сокинон ва меҳмонони Душанбе гардонида мешавад.Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр мегӯяд, ки шаҳрдории Душанбе дар робита бо анҷом додани иқдоми мазкур аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба миён меорад, ки бо риояи фарҳанги баланду ҳамидаи шаҳрнишинӣ аз боғ ва шоу- барномаҳои идонаи он дидан намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






