Суханронии Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Сангтўда — 2

Сентябрь 5, 2011 12:56

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмондар маросими ифтитоҳи навбати аввали нерўгоҳи барқи обии Сангтўда — 2Олиҷаноб доктор Маҳмуди Аҳмадинажод мўҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳмонони олиқадру иззатманд!Ҳозирини гиромӣ!Аввалан ташрифи Ҷаноби Олӣ ва бародари гиромӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Маҳмуд Аҳмадинажод ва ҳамаи меҳмонони азизро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ифтихори бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалӣ гаштани боз як лоиҳаи муштараки ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Эрон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда 2» -ро табрик менамоям.Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.Имрўз муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни кишварҳои мо тадриҷан густариш ёфта, рафтуомади озоди мардум таъмин карда шудааст, ки ин амр ба пешрафти соҳибкориву сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи равобити суннатии мо мусоидати фаъол менамояд. Дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳо миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзоиш ёфта, танҳо дар давоми панҷ соли охир сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 38 баробар зиёд гардидааст.Татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар сохтмони нақби «Истиқлол», бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика гувоҳи рушди афзоянда ва ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон мебошад.Дўстони азиз!Дар рўзҳои омодагӣ ва истиқболи бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ гувоҳи таҳкими заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибихтиёри мост.Ҳукумати мамлакат ҳанўз аз оғози даврони истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаҳои мушаххаси тараққиёти соҳаҳои иқтисоди миллиро тарҳрезӣ ва қабул намуда, иҷрои онҳоро марҳала ба марҳала таъмин карда истодааст.Бо ин мақсад ҳадафҳои асосии рушди миллӣ дар се самти муҳим — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян гардида, дар ин ҷода то ба имрўз хеле корҳои азимро ба анҷом расонидем.Солҳои охир дар натиҷаи амалишавии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар мамлакат зиёда аз 250 нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ сохта шуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани нерўгоҳҳои “Помир-1” ва “Сангтўда-1”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон”, “Ҷануб-Шимол” ва “Конибодом-Боткент», зеристгоҳи “Сомонӣ”- и шаҳри Кўлоб ба мо имкон доданд, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро таъсис дода, дар самти ҳалли мушкилоти энергетикии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мардум ба пешрафти назаррас муваффақ гардем.Ҳамзамон бо ин, корҳои сохтмону барқарорсозӣдар иншооти азиму стратегии кишвар — нерўгоҳи барқи обии Роғун, инчунин нерўгоҳҳои хурду миёна дар ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшону Варзобвусъати тоза дошта, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020-ум боз 190 нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ бояд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.Дар ин радиф, ба истифода супоридани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» идомаи мантиқии иҷрои стратегияи кишвар аз тариқи сохтмону бунёди нерўгоҳҳои хурду бузург дар роҳи таъмини пурраи истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Бояд қайд намуд, ки барои дар ин рўзҳои истиқболи бистсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супоридани навбати аввали нерўгоҳ саҳми бинокорону сохтмончиёни ширкатҳои кишвари ба мо дўсту бародари Эрон назаррас мебошад. Бинобар ин, ба ҳамаи мутахассисону коргарон ва ширкатҳое, ки дар бунёди ин иншооти муҳим саҳми худро гузоштаанд, сипоси мардум ва давлати Тоҷикистонро баён намуда, ба онҳо дар роҳи ҳарчи зудтар ба итмом расонидани навбати дуюми нерўгоҳи барқи обии “Сангтўда-2” барори кор орзу менамоям. Бояд зикр кард, ки лоиҳаи сармоягузории бунёди яке аз иншооти муҳимтарини кишвар – нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2», ки санги асоси он 20 –уми феврали соли 2006 гузошта шуда буд, бо маблағгузории муштарак амалӣ шуда истодааст ва намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди давлатҳои Тоҷикистону Эрон мебошад. Табиист, ки бунёди ҳар як иншоот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд. Хусусан, бунёди ин иншооти энергетикӣ дар баробари таъмини мутахассисону кормандони ноҳияҳои гирду атрофи он бо ҷойи корӣ, инчунин дар беҳтар гардидани таъминоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бо қувваи барқи худӣ ҳиссаи арзанда дорад. Ҳоло ҷиҳати идомаи сохтмони навбати дуюми нерўгоҳ миқдори зарурии техникаву механизмҳо дар сохтмони иншоот мавҷуд буда, инчунин қариб 900 нафар коргарону мутахассисони ихтисосманд фаъолият доранд, ки аз ин миқдор 585 нафарашонро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.Тибқи маълумоти Ширкати лоиҳакашии «Сангоб» то моҳи августи соли 2011 иҷрои ҳамаи корҳо қариб 95 фоиз, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ 93,5 фоиз, лоиҳакашӣ – 100 фоиз, васлу насби таҷҳизот – 99 фоиз ва ҳамлу нақл 94 фоиз таъмин шудааст. Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои масъул ҷиҳати ҳарчи зудтар ба кор даровардани агрегати дуюми нерўгоҳ чораҳои зарурӣ андешад. Дар ин рўзҳои фараҳбахш ва сурурангез мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерўгоҳи барқи обии “Сангтўда — 2” бо тавоноии 110 мегаватт ба ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии кишвари азизамон тўҳфаи арзишманду сазовор мебошад.Дар ҳолати пурра ба кор оғоз кардани нерўгоҳ, ки умед дорем вақтҳои наздик амалӣ хоҳад шуд, иқтидори солонаи истеҳсоли нерўи барқ дар мамлакат беш аз як миллиард киловатт соат зиёд мегардад. Аз ин рў, сарфарозам бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд ва тамоми мардуми шарифи кишвар, инчунин бародарони гиромии эрониамонро ба ин дастоварди муштарак, ки рамзи дўстиву ҳамёрӣ ва ҳамкории мост, табрику таҳният гўям ва дар рўзҳои ҷашни фархундаи бистумин солгарди истиқлол нуран алонур шудани ин рўйдодҳои таърихиро ба ҳамаи шумо шодбош арз намоям.Дўстиву садоқат ва ҳамёриву ҳамгироии Эрону Тоҷикистон поянда бод!Ҳамеша сарбаланду саломат бошед, дўстони азиз!

Сентябрь 5, 2011 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ