Суханронии Президенти ҶИЭ Маҳмуди Аҳмадинажод

Сентябрь 5, 2011 10:37

Душанбе, 5 сентябр. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.Худои бузургро сипосгузорам, ки ин фурсатро иноят кард як бори дигар аз кишвари зебо ва дӯстдоштании Тоҷикистон дидор дошта бошем. Самимона ташаккур мекунам аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дӯсту бародари азизам, ки бародарони худашонро барои ширкат дар ҷашнҳои 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон даъват карданд.Ҳамаи матолибе, ки раисҷумҳур фармуданд аз ҷониби банда ҳам ҳаст. Дар воқеъ эшон аз тарафи ҳардуи мо сӯҳбат карданд.Робитаи Эрон ва Тоҷикистон робитаи бисёр вижа ва истисноист. Ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои дунё равобити бисёр хуби самимӣ дорем. Муносиботи хуби тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дорем, аммо робитаи Тоҷикистон ва Эрон, Эрон ва Тоҷикистон як робитаи ихтисосист. Дар воқеъ мо ду пора аз як пайкарем. Тавре, ки ба дурустӣ раисҷумҳури Тоҷикистон ишора карданд, нажоди мо, фарҳанги мо, оини мо, таърихи мо, одобу русуми мо, ҳатто андешаҳои имрӯзи мо бо ҳам якест. Ҳар иттифоқи мусбате, ки дар Тоҷикистон меафтад мардуми Эрон хушҳол мешаванд ва дар Эрон меафтад мардуми Тоҷикистон хушҳол мешаванд. Мо дар ғам ҳам шарикем, дар шодӣ ҳам шарикем. Ифтихороти миллии мо муштарак аст. Дар бисёре аз умур манофеи имрӯзи мо ҳам муштарак аст. Ободонию пешрафт ва иззати Тоҷикистон ободонию пешрафт ва иззати Эрон аст ва ба ҳамин тартиб дар мавриди Эрон барои Тоҷикистон аст. Мо дар Тоҷикистон эҳсоси ошноӣ мекунем. Тоҷикон ҳам дар Эрон эҳсосӣ ошноӣ мекунанд. Дар доираи ҳамкориҳои мо корҳои хубе анҷом шуда ва мешаванд. Яке аз ҳамин корҳо «Сангтӯда-2» аст, ки иншоаллоҳ то поёни соли ҷорӣ энержии барқаш ба хизмати мардуми азизи Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Садди ҷадиди имрӯз мубодилаи мувофиқанома шуд. Аммо корҳое анҷом дода мешавад дар бахши хусусии Эрон ва Тоҷикистон саҳмгузориҳои муштарак доранд, тиҷорати муштарак доранд, ки ин хеле хуб аст. Аммо алоқаи ду тараф, зарфияти ду тараф пеш аз инҳост. Ҳамаҷо барои ҳамкорӣ имконияти хело фаровон аст. Мо метавонем ниёзҳои худамонро аввал аз кишвари бародар таъмин кунем, Эрон аз Тоҷикистон, Тоҷикистон аз Эрон, баъд биравем суроғи дигарон. Дар бисёре аз корҳои иқтисодӣ барномарезӣ кунем ва корҳои ҷадидеро шурӯъ кунем. Хушбахтона Тоҷикистон як ҳаракати рӯ ба рушд ва пешрафти хуберо алъон барномарезӣ кардааст. Мо тафоҳум кардем бо ҳам, ки комиссиюни муштараки нӯҳум ба зудӣ дар Теҳрон баргузор шавад, қабл аз он ки кумитаи мушараки тамоми тафовутҳои қаблиро баррасӣ кунем, агар монеа ҳаст, агар мушкиле ҳаст инҳоро дар комиссиюни муштарак онҷо ҳаллу фасл кунанд . Як намояндаи вижа аз тарафи ман таъйин шуд, як намоянда аз тарафи оғои раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд. Мо робитаамонро бояд ба ҳадди аксари мумкин бирасонем ва ин шуданист.Робитаи иқтисодӣ, робитаи фарҳангӣ, робитаи санъатӣ, робитаи илмӣ тафоҳуми хеле хубе шуд, дар бораи мубодилаи донишҷӯён, мубодилаи илмӣ як тааҷҷубияте дар ихтиёри ҳам қарор бидиҳем. Пешрафтҳои илмӣ ва фановариро дар ихтиёри якдигар қарор бидиҳем. Дар ҳамаи саҳнаҳо бояд дар канори ҳам бошем. Дар масоили чандҷониба ҳам пружаҳои бисёр хубе таҳрезӣ шудааст. Интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон , хатти оҳан ва интиқоли энержӣ аз Эрон ба Тоҷикистон, ки агар тавони иқтисодӣ дошта бошем, нафт, газ куҷо беҳтар аз Тоҷикистон, ки мо ба ӯ нафт ё газ интиқол кунем. Равишҳои дигари интиқоли энержӣ низ баррасӣ шуд.Дар масоили фарҳангӣ ҷониби Афғонистон тафоҳуми хеле хубе дорем, иншоаллоҳ ба сурат иҷро мешаванд. Дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мо бо ҳам муштаракем. Бори дигар табрик мегӯям солгарди 20-умини Истиқлоли Тоҷикистонро. Эрон аввалин кишваре, буд, ки табрик гуфт ва ба расмият шинохт. Истиқлолияти Тоҷикистон барои Эрон хело муҳим ва хеле арзиш дорад. Дар воқеъ Истиқлол як фарҳанге, як таърихе, Истиқлоли як миллати бузурге миллате, ки шахсиятҳои бузургеро дар худаш парвариш додааст, шахсиятҳои ҷаҳонию таърихӣ, шуарову донишмандону мутафаккирону орифони бузургро. Хеле хушҳолем, ки дар 20-умин солгарди Истиқлоли сарзамини азизи Тоҷикистон бар канори бародарони азизамон ҳастем. Мутмаин ҳастам, ки ду миллати дӯст шоҳиди густариши ҳарчи бештари равобит ва иншоалоҳ пешрафти ҳар ду кишвар хоҳем буд.

Сентябрь 5, 2011 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст