Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ШСД ИДМ (ш.Душанбе, 3 сентябри соли 2011)

Сентябрь 5, 2011 16:15

Мӯҳтарам Сарони давлатҳо,Мӯҳтарам аъзои ҳайатҳо, Он чиз писанди мо меояд, ки раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод ба 20 – солагии таъсиси ИДМ рост омада, иҷлосияи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳо дар Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 20 – солагии Истиқлолияти давлатии он сурат мегирад. Ҳамаи Шуморо бо ин идҳо муборакбод намуда, мехостам қайд намоям, ки Тоҷикистон дар ҷараёни раёсаташ фазои ИДМ – ро барои таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни мамлакатҳоямон, доштани равобити зич бо давлатҳои аъзои он ҳам дар заминаи бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба фаъолона истифода менамуд.Тоҷикистон таъмини Принсипи давомат, рушди минбаъда ва таҳкими тадбирҳо бобати баланд бардоштани мақом ва самарабахшии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳамчун созмони минтақавӣ ба ҳайси яке аз нишонаҳои муҳимтарин барои соли ҷорӣ муайян намуд. Мо ба таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек, татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахши гуманитарӣ, муборизаи зидди ғояю амалияи экстремизм, терроризм, оштинопазирӣ ва бегонатарсӣ аҳамияти якуминдараҷа медодем.Раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар чаҳорчӯбаи иҷрои Нақшаи тадбирҳои асосӣ ҷиҳати роҳандозии Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ сурат мегирифт. Ин ҳуҷҷат ба таври ҳаққонӣ яке аз роҳҳои расидан ба мақсадҳоямонро дар афзун намудани самараи фаъолияти Иттиҳод мебинад. Вале ҳамкории иқтисодӣ чун авлавият боқӣ мемонад. Зеро ҳамкории мутақобилаи тиҷоратию иқтисодӣ шарти зарурии рушди устувори кишварҳои Иттиҳод мебошад.Имрӯз, албатта, зарурати анҷом ёфтани ташаккулёбии минтақаи савдои озод равшану возеҳ аст.Дар баробари ин, хурсандибахш аст, ки вақтҳои охир дар ҳуҷҷатҳои ИДМ ва дар амалияи кор ба масъалаи ба талаби рӯз мувофиқ кунондани иқтисодиёти миллӣ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир мешавад. Аслан, дар бахши инноватсионӣ бояд кори зиёде иҷро шавад, то сатҳи ҳозираи басо қафомондаи рушди саноати бархе мамлакатҳои аъзои ИДМ мавқуф гузошта нашавад.Дар робита бо ин дар мо ва дар мамлакатҳои аъзои ИДМ ба лоиҳаи барномаи мақсадноки байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 умеди зиёде карда мешавад. Дар давраи раёсати мо бобати таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ кори зиёде иҷро гардид.Дар чаҳорчӯбаи муносибгардонии минбаъдаи соҳаи мазкури ҳамкорӣ дар иҷлосияи моҳи май баргузошудаи сарони ҳукуматҳо дар Минск Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи илми фундаменталӣ таъсис дода шуда буд. Ҳоло вазифа гузошта шудааст, ки дар вақти наздиктарин ҳайати Шӯро таъсис дода ва кори он ташкил карда шавад.Тавре маълум аст, дар асоси Қарори Шӯрои сарони давлатҳо соли 2011 Соли баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ эълон карда шуд. Дар робита бо ин ба иҷрои муқаррароти асосии Маҷмӯи тадбирҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани амнияти озуқавории давлатҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 аҳамияти якуминдараҷа дода мешавад. Ҳамзамон, ба манзури ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бобати баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ дар сурати сар задани вазъиятҳои фавқулодда имсол тадбирҳои нав андешида шудаанд. Масъалаи қабули Стратегияи амнияти озуқавории давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дастаҷамъиро дар ин самт дастгирӣ менамояд. Вақтҳои охир дар соҳаи нақлиёт диққат ба татбиқи Самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи нақлиёт, рушду густариши молкашонӣ тавассути роҳи оҳан ҷалб шудааст.Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав бардоштани ҳалли масъалаҳои марбут ба транзити молкашонии роҳи оҳан лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои Иттиҳод то соли 2020 тарҳрезӣ шудааст. Шӯрои сарони ҳукуматҳо онро дар маҷлиси назидктарин баррасӣ хоҳад кард.Тавре маълум аст, асоси фаъолият дар бахши муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷиратро Эъломия дар бораи сиёсати мутобиқшудаи бахши муҳоҷирати давлатҳои Иттиҳод, ки 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе қабул шуд ва Нақшаи комплексии тадбирҳои аввалиндараҷа бобати татбиқи он ташкил медиҳад.Дар ҷараёни кор дар ин самти ҳамкорӣ ду ҳуҷҷати муҳимтарин – Консепсияи сиёсати мутобиқшудаи иҷтимоию демографии давлатҳои Иттиҳод ва Созишнома дар бораи Системаи ягонаи бақайдгирии шаҳрвандони давлатҳои сеюм ва шахсони бетабаа, ки ба қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ сафар мекунанд, тартиб дода шуд, ки онҳоро Шӯрои сарони давлатҳо вақтҳои наздиктарин баррасӣ менамояд. Мо дар ҷараёни раёсатамон ба ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои Иттиҳод таваҷҷӯҳи зиёде медодем. Дар ин бахш вазифаи асосӣ иборат аз иҷрои Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар бораи Соли мероси таъриху фарҳанг эълон намудани соли 2011 мебошад. Дар бахши экология ва ҳифзи муҳити зист фаъолият ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳамкории байнидавлатӣ идома меёфт. Дар доираи самти зикршудаи ҳамкорӣ, ба назари мо, бояд мутобиқати лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи ташкили Бунёди захиравии давлатҳои аъзои ИДМ бобати расонидани кӯмак ба давлатҳои аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиию техногенӣ зарардида тезонида шавад. Ҳамкорӣ дар бахши муқовимат ба таҳдиду хавфҳои муосир ба шартномаҳои байнидавлатӣ перомуни ҳамкорӣ дар муборизаи зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳо дар бахши иқтисодиёт, ба муборизаи зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одам, ҳамчунин ба се барномаи дахлдоре, ки Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод барои солҳои 2011 – 13 қабул кардааст, истинод мекард. Тоҷикистон дар ҷараёни раёсати худ бо давлатҳо — иштирокдорони ИДМ, Кумитаи иҷроия, бо мақомоти дигари низомномавию соҳавӣ зич ҳамкорӣ мекард. Раёсати мо бидуни чунин ҳамкории самарабахш ва бидуни кӯмаки ҳамдигарӣ, бешубҳа, самарабахшу муфид намешуд.Иҷозат фармоед аз фурсат истифода намуда ба ҳамаи ҳозирон барои мадади самарабахшашон ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил изҳори миннатдорӣ баён намоям. Барои таваҷҷӯҳатон ташаккур мегӯям.

Сентябрь 5, 2011 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст