Суханронии табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Сентябрь 12, 2011 10:45

Суханронии табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  муносибати ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри ДушанбеҲамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Расо бист сол қабл аз ин, 9 – уми сентябри соли 1991 дар сарзамини бостонии мо рўйдоде ба вуқўъ пайваст, ки ба шарофати он дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёр бо номи Тоҷикистон арзи вуҷуд кард ва ин падидаи таърихӣ оғози марҳалаи нав ва таҳаввулоти бунёдӣ дар ҳаёти халқи мо гардид.
 
Яъне санаи 9 – уми сентябри соли 1991 барои тоҷикон натанҳо рўзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки санаи барқароршавии адолати таърихӣ низ мебошад ва бинобар ин, барои мо басо азизу муқаддас ҳисоб меёбад.
Ин санаи муборакро ба ҳамаи шумо – ҳозирини мўҳтарам ва тамоми мардуми сарбаланди Ватанамон аз самими қалб табрику таҳният мегўям. Ба халқи азизи Тоҷикистон тансиҳативу рўзгори обод, комрониву барори кор ва ба кишвари соҳибистиқлоламон шукуфоиву пешрафт орзумандам. Аз баракати соҳибихтиёрие, ки ба мо баъди ҳазор соли бедавлатӣ муяссар гардид, мардуми тоҷик имкон пайдо кард, ки таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад.
 
Мо ин имконияти бузурги таърихиро мувофиқи хосту иродаи халқи Тоҷикистон ба манфиати ҷомеа, ба хотири ояндаи нек ва хушбахтии он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлати озоди худ сафарбар намуда, имрўз ба дастовардҳои хеле азим ноил гардидем. Боиси сарфарозист, ки ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатиро мардуми тамаддунсозу ободгарамон бо рўҳияи беназиру бесобиқаи бунёдкориву созандагӣ истиқбол гирифта, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлати ҷавонамон саҳми ватандўстонаи худро дареғ надоштанд. Дар марҳалаи кунунии давлатдориамон, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо эълон шудаанд, Тоҷикистон ба давраи сифатан нави рушди иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст.
 
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бонангу номуси миллат бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии хеш ҳисобида, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасанд, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ мекунанд, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош менамоянд. Зеро ниёгони шарафмандамон сарзамини худро ба ибодатгоҳи ақлу хирад, илму адаб ва фарҳангу маънавиёти воло табдил дода, ба ганҷинаи тамаддуни башарият саҳми сазовори хешро ҳамроҳ кардаанд.
 
Имрўз ба мо – фарзандони гузаштагони некномамон низ зарур аст, ки ин рисолати таърихӣ ва суннатҳои неки миллиро идома бахшида, кишвари худро ба мулки ободу зебо табдил диҳем ва як сарзамини пешрафтаву шукуфоро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем, то ки онҳо дар фазои сулҳу осоиши пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ зиндагӣ карда, Ватани муқаддасамонро ҳифзу нигоҳдорӣ намоянд.
 
Бо ҳамин орзуҳои самимӣ бори дигар ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳозирини арҷманд, тамоми мардуми кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ муборак мегўям.
 
Зиндаву поянда бод халқи бунёдкору ободгар ва фарҳангсози тоҷик! Бигзор истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидон бошад! Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамватанони азиз!

Сентябрь 12, 2011 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад