Таҷлили Рӯзи истиқлолияти ҶТ дар Украина
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сафири Тоҷикистон дар Украина ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантанаи қабул доир намуд. Мувофиқи хабари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар маҷлиси қабул роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Киев, вакилони Радаи Олӣ, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятии Украина, олимон, зиёиёни эҷодкор, кормандони ВАО, ҳамчунин ҳамватанонамон – аъзои ҷамъияти тоҷикон иштирок намуданд.Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов аз роҳи таърихие, ки Тоҷикистон дар давоми 20 соли истиқлолият тай намудааст, нақл кард.Сафир зикр намуд, ки муносибатҳо бо Украинаи бародар, аз ҷумла, рушди дуҷонибаи иқтисодӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад.Раиси Комиссияи Украинаю Тоҷикистони Радаи Олии Украина Павел Унгорян кормандони Сафорати Тоҷикистон ва намояндагони ҷамъияти тоҷиконро бо иди фархунда муборакбод карда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Украина ва Тоҷикистон минбаъд ҳам мустаҳкам хоҳанд шуд. Сипас консерти идона баргузор гардид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






