Таъминот бо лампаҳои каммасраф
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Солҳои охир бо супориш ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва хадамоти энергетикӣ дар маҳалҳо барои истифодаи васеи лампаҳои каммасраф корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ 1 млн. 42 ҳазор оила бо 8 млн. 154 ҳазор лампаи каммасраф, аз ҷумла 240 ҳазор оилаи камбизоат бо 1 млн. 924 ҳазор чунин лампа таъмин гаштанд. Ғайр аз ин, 33 ҳазор корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ 759 ҳазор лампаи тафсонро ба лампаҳои каммасраф иваз намуданд. Танҳо дар 8 моҳи соли равон 49,3 ҳазор оилаи камбизоат бо кӯмаки соҳибкорони ватанӣ бо 201,3 ҳазор лампаи каммасраф таъмин гаштанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 19,5 ҳазор оила бо 59,5 ҳазор лампа, дар вилояти Хатлон – 27 ҳазор оила бо 132,7 ҳазор лампа, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 627 оила бо 2 ҳазор лампа, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2,2 ҳазор оила бо 7 ҳазор лампаи каммасраф таъмин гардиданд, ки ин кор дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






