Журналистони тоҷик рӯзноманигории бӯҳрониро меомӯзанд
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду тан аз устодони ботаҷрибаи бахши рӯзноманигории Эрон- Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ дар ҷараёни баргузории давраи омӯзишӣ муддати се рӯз аст, ки ба рӯзноманигорони тоҷик дарс мегӯянд. Давраи омӯзишӣ, ки бо иқдоми хабаргузории «Форс»-и Эрон созмон дода шудааст, то 30 сентябр идома меёбад. Қосими Бегмуҳаммад, сардабири дафтари намояндагии хабаргузории «Форс» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки устодони бахши журналистикаи Эрон ба рӯзноманигорони тоҷик доир ба мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани мавзӯъ барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳронӣ» ва «Маънишиносии хабар» дарс мегӯянд. Устодон собиқаи бузурги фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта, борҳо дар кишварҳои Аврупо чунин давраҳои омӯзиширо баргузор намудаанд ва дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ суханронӣ кардаанд. Ҳамзамон, онҳо муаллифи чандин китобҳо буда, назариядонҳои шинохтаи бахши рӯзноманигорианд. Қосими Бегмуҳаммад афзуд, ки ҳадаф аз баргузории нахустин давраи омӯзишӣ аз сӯи хабаргузории «Форс» дар Душанбе, ошноии журналистони тоҷик бо рӯзноманигории Эрон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии рӯзноманигорони тоҷик доир ба вазъи журнализми байналмилалӣ ва технологияи муосири марбут ба журналистика дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба ин давраи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






