Ҳуҷраҳои иловагӣ дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат

Октябрь 12, 2011 11:57

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). Дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқати  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳуҷраҳои иловагӣ аз нав таъмиру тармим гардида, бо таҷҳозоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ба фаъолият оғоз намудани бинои иловагӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир таъмин аст, бевосита барои осон гардидани кори кормандони ин муассиса мусоидат намуда, ҳамзамон ниёзмандон ба хизматрасонии баланди тиббӣ дастрасӣ пайдо намуданд.  Дар ин шифохона нафарони гирифтори бемориҳои саратон ва кӯдакони гирифтори бемории фалаҷ  табобат мегиранд. Бино дорои 80 кат буда, 20 каташ барои кӯдакон муайян гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки барои шифо ёфтани кӯдакони бемории фалаҷ тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ фароҳам оварда шудааст, ки минбаъд чунин кӯдакон бо истифода аз усулҳои муосир табобат карда мешаванд. Кӯдаконе, ки гирифтори бемории фалаҷи сутунмӯҳраанд, тавассути муолиҷаи фарзишӣ ва дигар усулҳо табобат  мешаванд.      Барои беморони гирифтори саратон ҳуҷраҳои махсус муҳайё гардидаанд, ки онҳо дар ин ҷо бо доруҳои баландсифату махсус таъмин мегарданд.   Ёдовар мешавем, ки шифохонаи мазкур дар  мамлакат намунаи ягона буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй аст, таъмин гардидааст.

Октябрь 12, 2011 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд