“Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон дар мавзӯи “Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”, ки 2 ноябри соли 2011 дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Туркия шуд.Дар конфронс иштироки 14 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст.Дар кори конфронс ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии бархе аз кишварҳое, ки раванди мазкурро дастгирӣ менамоянд, аз ҷумла, Австралия, Канада, Олмон, Италия, Япония, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия, Британияи Кабир ширкат меварзанд. Ба конфронс ҳамзамон намояндагони СММ, ЭКО, СҲШ, САҲА, НАТО, СҲИ, ИА, СВМДА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.Тибқи барнома конфронси Истанбулро Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ифтитоҳ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиш бо раҳбарони ҳайатҳое, ки дар конфронси мазкур иштирок хоҳанд кард, мулоқотҳои дуҷониба доир мекунад.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






