Анҷумани якуми урологҳои Тоҷикистон

Октябрь 6, 2011 10:46

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 6 октябр, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино анҷумани якуми урологҳои Тоҷикистон ба кораш шурӯъ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати тандурустии ҶТ якҷоя бо Маркази ҷумҳуриявии урология ва Ассосиатсияи урологҳои Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар кори анҷуман бештар аз 250 нафар вакилони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Украина, Литва ва кишварҳои дигар иштирок менамоянд.Анҷуманро, ки 7 октябр анҷом меёбад, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо сарсухан ифтитоҳ менамояд.

Октябрь 6, 2011 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд