Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
Мӯҳтарам Қурбонгулӣ Мяликгулиевич, Ба ифтихори бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ бо қаноатмандии зиёд табрикоти худро ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти Туркманистон ирсол медорам. Тоҷикистон муносибатҳои мушорикат бо Туркманистонро қадр карда ва ният дорад, ки онҳоро дар ҳамаи самтҳо таҳким бахшад ва ривоҷ диҳад.Изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю кӯшишҳои умумӣ метавонем, ба ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Туркманистон, ки ба манофеи асосии ду халқу давлат мувофиқанд, суръату вусъати бештаре бахшем. Мо азму иродаи қавӣ дорем, ки барои ин ҳамаи ҷидду ҷаҳди заруриро рӯйи кор орем. Иҷозат диҳед ба Шумо, мӯҳтарам Қурбонгулӣ Мяликгулиевич, тансиҳатии бардавом ва пирӯзиҳо ва ба халқи бародари туркман беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






