Баргузории семинари ҳуқуқӣ перомуни ҳифзи ҳуқуқи муаллиф
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Аз 27 то 28 октябри соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон дар мавзўи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои иҷрогарон” семинар баргузор мегардад. Мақсад аз гузаронидани семинар пешгирии вайронкунии ҳуқуқи муаллифон, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита ба пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа масъуланд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омўзиши санадҳои ҳуқуқию меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медарорад, мебошад.Масъалаи дигаре, ки дар семинар мавриди омўзиши ҷиддӣ қарор мегирад, аз мутобиқати муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи Конвенсияи ҷанбаъҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидааст, мебошад. Мутахассисон доир ба мутобик намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти ин ҳуҷҷат пешниҳодҳои худро иброз медоранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






