Даромади пулии аҳолӣ меафзояд
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Мувофиқи маълумоти пешакӣ тайи моҳҳои январ — августи соли равон даромади пулии аҳолии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ афзуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 зиёд аст. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ин муддат хароҷоти пулӣ ва пасандоз беш аз 100 миллиард сомониро ташкил дода, барои хариди мол ва пардохти хизматрасонӣ 58,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ сарф шудааст. Қобили зикр аст, ки музди меҳнат нисбат ба моҳи августи соли 2010 баробари 29,4 фоиз афзуда, музди ҳадди ақал дар Тоҷикистон 80 сомониро ташкил дод.








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






