Кишоварзон коргоҳ месозанд

Октябрь 10, 2011 14:34

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Раёсати  кишоварзии  ВМКБ  дар  2 – 3  соли охир  ба  хотири  таъсис додани  коргоҳҳои  истеҳсоли  маҳсулот  эътибори  ҷиддӣ  медиҳад.  Дар  ин  муддат ду   коргоҳи  меваю  сабзавот  дар  ноҳияи  Шуғнон, ки як коргоҳ дар  ноҳияи  Роштқалъа  ва  коргоҳи   коркарди  меваи  хушк дар  ноҳияи Рӯшон  бунёд  гардиданд. Дар  деҳаҳои  Хуфи  ноҳияи  Рӯшон ва  Ҷавшангози   ноҳияи  Роштқалъа  яктои  коргоҳҳои  хурди маҳсулоти  ширӣ  сохта шудаанд. Тибқи  иттилои  сардори Раёсати  кишоварзии  вилоят Назрӣ  Назриев, соли  2012  дар  вилоят  боз  4  коргоҳи  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ  бунёд  мегардад.

Октябрь 10, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд