Мардум чанд рӯз истироҳат мекунад?

Октябрь 25, 2011 10:55

Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар рӯзҳои таҷлили ду иди  барои миллати тоҷик бузургу муқаддас -Рӯзи Конститутсия ва иди Курбон, ки ба 6-7 ноябр рост меоянд,  кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба истиснои кормандони бахши маориф ва тандурустии кишвар (омӯзгорон ва духтурон) чор рӯз – 5, 6, 7 ва 8 –уми ноябр истироҳат мекунанд. Яъне,  5 ноябр барои муаллимону духтурон рӯзи корист». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  Баҳриддин Набиев, сарнозири ҳуқуқи Федератсияи иттифокҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.Баҳриддин Набиев афзуд, ки соли равон Рӯзи қабули Конститутсия 6 ноябр ба рӯзи истироҳат, якшанбе  рост меояд. Аз ин рӯ, бар асоси моддаи 83-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, он ба рӯзи аввали кории баъди ид гузаронида мешавад.Сарнозири ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили ҷумҳурӣ, ҳамзамон афзуд, ки дар ин масъала шояд Ҳукумати мамлакат қарор низ қабул намояд.

Октябрь 25, 2011 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад