Марк Гроссман: «Ман итминон дорам, ки ҷараёни сулҳ идома хоҳад ёфт»

Октябрь 7, 2011 16:06

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссманро ба ҳузур пазируфт.
 
Пас аз мулоқот Марк Гроссман ба хабарнигорони ВАО андешаҳояшро чунин баён намуд: «Ман хеле хушҳолам, ки имрӯз ҷаноби президент ман ва ҳамроҳонамро ба ҳузур пазируфт. Ва ман барои вақти ҷудонамуда ва маслиҳатҳои хуб ба ҷаноби Президент изҳори сипос менамоям. Мақсади асосии сафари мо аз он иборат аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмонро аз баргузории ду конфронси муҳим оид ба Афғонистон, ки яке дар Истанбули Туркия 2 – юми ноябр ва дигар дар Бонни Олмон 5 – уми декабр баргузор мегардад, огоҳ намоям».
 
«Мақсади асосии конфронси Истанбул- ин фароҳам овардани шароити лозимӣ ба ҳамсоякишварҳо ва кишварҳои ба Афғонистон наздик ҷиҳати расонидани кӯмаки худ барои барқарор намудани Афғонистон ва ба як минтақаи орому шукуфон табдил додани ин кишвар мебошад. Дар шаҳри Бонни Олмон бошад мақсади ҷамъомадагон аз он иборат хоҳад буд, ки пеш аз ҳама тавофуқномаи дар конфронси Истанбул қабулшударо ҷонибдорӣ намоянд.
 
Барандаи ин конфронс ҳукумати Афғонистон ва мизбони он ҳукумати Олмон мебошад. Мақсади асосии ин вохӯрӣ аз сари нав эҳё намудани роҳи абрешим мебошад, ки ба ин рушду шукуфоии минтақа имкон медиҳад. Тавре президент Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ин роҳ Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад. Ман ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ин ду конфронс изҳори сипос менамоям. Ва ба мо пешниҳодҳои ҷаноби президент ҷиҳати эҳёи Роҳи Абрешим бисёр маъқул шуд ва ин пешниҳодро ҳарчӣ тезтар амалӣ намудан лозим аст»- гуфт Марк Гроссман. Пешниҳоди эҳёи Роҳи Абрешим таърихи дерина дорад ва мо мехоҳем, ки инро аз нав эҳё намоем. Аллакай дар ин самт якчанд лоиҳаҳое ҳастанд, ки натиҷаи онҳо аллакай баёнгари ҳарчи тезтар эҳё намудани роҳи мазкур мебошад. Аз ин рӯ ҳам Амрико ва ҳам кишвари шумо воситаҳои асосии эҳёи роҳи абрешим, аз ҷумла тарҳи КАСА – 1000 – ро дастгирӣ менамоянд. Агар мо доир ба алоқаи ду минтақа аз тариқи роҳи оҳан, роҳҳои ҳавоӣ, интиқол додани газу нефт, энергияи барқӣ ва рафтуои мардуми минтақа андеша кунем, ин роҳ ба мо имконияти хуб хоҳад дод. Дуюмин ҷиҳати хубии ин тарҳро метавон дар зиёд шудани сармояи хориҷӣ ба минтақа арзёбӣ намуд, вале ин сармоя на ҳукуматӣ ё давлатӣ, балки шахсӣ хоҳад буд»,-тазаккур дод Марк Гроссман. Дар охир мавсуф зикр намуд, ки «Бо президент доир ба масъалаи сулҳи Афғонистон низ гуфтугӯи тӯлонӣ доштем, алалхусус доир ба қатли Раиси шӯрои сулҳи Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ андешаи якранг дорем. Ӯро шахсоне, ки намехоҳанд ин кишвар ором бошад, ба ҳалокат расониданд. Мо аз ин ҳодиса бисёр андӯҳгин шудем. Вале ҳаминро гуфтаниям, ки тарафи муқобил ду роҳ дорад: сулҳ кардан ва ё муборизаро давом додан, вале дар идомаи мубориза онҳо мувваффақ нахоҳанд шуд. Ман итминон дорам, ки ҷараёни сулҳ идома хоҳад ёфт».

Октябрь 7, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд