Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон

Октябрь 6, 2011 17:10

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз дар  Маркази тиҷоратии «Вафо»-и шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаи «Қадам ба қадам»-и Институти «Ҷомеаи Кушода» — Бунёди Мадад  дар Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони  «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» баргузор гардид. Дар сӯҳбати мизи мудаввар шарикони барномаи «Қадам ба қадам»  аз «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский (Лаҳистон), намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриву вилоятҳо  иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» соли 2010 бо ҳамкории «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Вазорати маорифи ҶТ шурӯъ шудааст.   Умуман марказҳои ҷамъиятӣ — муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3-сола то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд, қайд карда шуд зимни нишаст.

Октябрь 6, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд