Меҳргон- ҷашни кишоварзон
Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи таҷлили ҷашни суннатии ниёгонамон — Меҳргон як зумра кормандони беҳтарини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла беҳтарин хоҷагии деҳқонӣ, беҳтарин пахтакор, ғаллакор, сабзавоткор, говдӯш, картошкапарвар, боғбон, қӯтоспарвар, паррандапарвар, занбӯрпарвар, моҳипарвар, механизатор, олим ва инъикоскунандаи беҳтарин дар соҳаи кишоварзӣ бо нишон ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. Мукофотҳоро ба кормандони беҳтарини соҳа дар маросими ботантана муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов тақдим намуданд.Бояд тазаккур дод, ки Меҳргон аз қадимтарин идҳои фасли сол буда, дар байни қавмҳои эронӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Меҳргон иди ҳосилот буда, дар рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Эътидоли тирамоҳӣ баробаршавии шабу рӯз дар оғози фасли тирамоҳ аст.Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи кӯҳан ва чандҳазорсола дорад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ зуҳури Меҳргон ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун нисбат дода шудааст.Боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳргон ду сол қабл бо Қарори Ҳукумати мамлакат расмӣ гардид. Меҳргон-иди кишоварзон дар саросари ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.