Номувозинатӣ дар истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ

Октябрь 18, 2011 10:14

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ — сентябри соли 2011 аз 83 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда истеҳсоли 48 номгӯйи он афзуда, 32 номгӯй кам шуда, 3 номгӯй умуман истеҳсол нашудааст.Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 4 млрд. 545, 2 млн. сомонӣ ё 89,9 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшавандаро ташкил дод. Дар ин давра (январ — сентябр) аз 859 корхонаи истеҳсолӣ 520 корхона аз сатҳи истеҳсоли  ҳамин давраи соли 2010 маҳсулоти бештар истеҳсол намуданд.Корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба маблағи 2 млрд. 93,9 млн.сомонӣ  маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 19,3 фоиз зиёд аст. Аммо корхонаҳое, ки дар ихтиёри вазорату идораҳои ҶТ дохил нестанд ҳамагӣ  ба маблағи 944,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба як соли пеш истеҳсоли маҳсулоти худро 11,5 фоиз кам кардаанд.

Октябрь 18, 2011 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд