Омодагиҳо ба шудгор ва кишти тирамоҳӣ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Бо мақсади дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ сари вақт ва хушсифат кишт кардани ғалла ва гузоштани заминаи устувори ҳосили соли 2012, инчунин мунтазам таҳти назорат қарор додани шудгор ва кишти тирамоҳӣ мувофиқи фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 30 сентябри соли ҷорӣ таҳти № 188 дар дастгоҳи марказии вазорат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.Дар сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсати кишоварзии ВМКБ ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чунин ситодҳо созмон дода шуданд, ки рафти шудгор ва кишти тирамоҳиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз иҷрои он ҳафтае як маротиба дар мувофиқа бо мақомоти омор ба вазорат то 10 январи соли 2012 маълумот пешиҳод менамоянд. Раёсатҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ, сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва раёсатҳои кишоварзии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки доир ба гузаронидани кишти тирамоҳии ғалла дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилиро дар байни корхонаю ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолии деҳот ба роҳ монанд. Раёсати растанипарварӣ, сарраёсату раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дар маҳалии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, алалхусус заҳкашу заҳбурҳои қитъаҳои ғаллазор аҳамияти хосса зоҳир намуда, оид ба меъёри обёрии заминҳои ғалла ба хоҷагидорон тавсияву дастурҳои зарурӣ дода, сабзиши пурраи ғалладонагиҳоро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






