Санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи андоз камбудиҳоро ошкор кард
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар пардохти андоз аз ҷониби соҳибкорон гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар як қатор иншооти андозбандии ҳудуди шаҳри Душанбе ё худ дар суроғаҳое, ки баъзе субъектон маълумоти дурӯғро оид ба маҳалли ҷойгиршавии худ ба феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудаанд, корҳои назоратӣ гузарониданд. Барои мисол, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сӯфӣ”, ки роҳбараш шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон Нисор Аҳмад Абдулвоҳид ва самти фаъолияташ хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум мебошад, суроғаи ҳуқуқии худро дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Садбарг” нишон додааст. Вале зимни санҷиш ошкор гардид, ки суроғаи зикршуда бардурӯғ аст.Санҷиши гурӯҳи корӣ муайян намуд, ки роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон Вароруд” Сӯҳроб Иброҳимов маҳалли корхонаашро дар хиёбони Рӯдакӣ, 21, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нишон дода, аз 28 августи соли 2009 ба қайди давлатӣ гирифтааст, вале дар ин суроға чунин корхона вуҷуд надошт.
Соҳибкороне ҳастанд, ки бо вуҷуди фаъолияти пурсамар доштан эъломияҳои худро ба нозироти андоз бо нишон додани маблағҳои ночиз ё ба таври сифрӣ пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла, дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ дар нуқтаи фурӯши семент воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино як қатор конуншиканиҳои андоз ошкор карда шуд. Таҳлил дар нуқтаи савдои соҳибкори инфиродӣ Назаралӣ Шарипов муайян кард ва худи соҳибкор низ иқрор шуд, ки гардиши молаш дар як рӯз ба ҳисоби миёна 400-500 сомониро ташкил медиҳад, аммо дар эъломияҳои андоз дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкор ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ дарҷ карда шудааст. Дар 4 моҳи охир новобаста аз фаъолияти пурсамар, ки серхаридор будани семент ба касе пӯшида нест, ҳисоботҳо аз тарафи соҳибкор ба таври сифрӣ пешниҳод шудааст. Нисбат ба соҳибкори инфиродӣ Назаралӣ Шарипов барои нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт аз тарафи гурӯҳи кории Кумитаи андоз протоколи маъмурӣ тартиб дода ва соҳибкори номбурда бамаблағи 1750 сомонӣ ҷарима шудааст. Ҳамчунин ҳангоми санҷиши мошини тамғаи “КАМАЗ”, ронандааш Фарҳод Тӯйчиев, ки оҳак дошт муайян карда шуд, ки ронанда бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Барои риоя накардани қонунҳои амалкунандани Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ронандаи «Камаз» ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Қисми зиёди фурӯшандагони семент бо ворид шудани гурӯҳи корӣ аз коргоҳ ғайб заданд. Ин амали онҳо гувоҳи он буд, ки бештари онон ҳуҷҷати соҳибкорӣ дошта бошанд ҳам, аммо дар мавриди пардохти андоз ба қонуншиканӣ роҳ додаанд. Таҳлили Корхонаи воҳиди давлатии бозори “ДЕҲҚОН” воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт нишон дод, ки роҳбари бозор Искандар Мадохиров буда, қисми зиёди фурӯшандагон асосан ба тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Тибқи маълумоти нозироти андоз дар ноҳияи Сино 40 нафар соҳибкор тариқи патент ва 52 нафар бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 160 нафар фурӯшанда тӯли 1 сол новобаста аз новобаста аз огоҳии чандинкаратаи нозири мутасаддӣ бе қайди мақомоти андоз фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ҳангоми наворбардорӣ ва сӯҳбат аз ҷониби фурӯшандагони беқайд фаъолиятдошта баҳонаҳои зиёд пеш оварда шуд. Беш аз 20 нафари онҳо изҳор доштанд, ки маҳсулоти ба фурӯшгузоштаашон наздиҳавлигӣ буда ва ё аз хоҷагиҳои деҳқониашон ба савдо гузошта шудааст. Санҷиш муайян намуд, ки гуфтаҳои онҳо танҳо саркашӣ кардан аз андозсупорӣ асту халос, зеро барои тасдиқи гуфтаҳояшон ягон маълумотномаи зарурӣ пешниҳод карда натавонистанд. Кумитаи андоз аз ҳамаи соҳибкорон хоҳиш мекунад, ки бо дасту дили пок фаъолият карда, саҳми хешро дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, ки ба манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон ва рушди соҳаҳои он равона шудааст, гузоранд.