Таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ

Октябрь 14, 2011 09:32

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз  бахшида ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, вассофи сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад. Тавре ба хабарнигори мо  аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, вазирону роҳбарони мақомоти марбута ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки  устод Мирзо Турсунзода  аз барҷастатарин шоир ва шахсияти сиёсию адабии тоҷикон мебошад. Ӯ зимни сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ ба кишварҳои дуру наздик бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро муаррифӣ намудааст.

Октябрь 14, 2011 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад