Воридоти қарзи андозҳо ба буҷа тариқи ҳабси амвол
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Гурӯҳи кории Кумитаи андоз ҳафтаи гузашта корҳои назоративу таҳлилиро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дода, дар самти барҳам додани бақияи қарзи андозҳои ташкилоту идораҳои қарздор корҳои мушаххасро ба анҷом расонид. Таҳлил дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон муайян намуд, ки аз маблағи умумии қарзи андози ноҳия, ки 12 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 50 фоизи он ба Идораи давлатии байниноҳиявии Хоҷагии об тааллуқ дошта, боқимонда ба дигар корхонаву ҷамъиятҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ алоқаманд мебошад. Ҳамчунин таҳлил дар Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Файзалӣ Саидов, воқеъ дар ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар нишон дод, ки корхона ба истеҳсоли нахи пахта машғул буда, тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия аз буҷа 844 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Аз ҷониби нозирони масъул борҳо ба корхонаи зикршуда огоҳнома ирсол шуда бошад ҳам, аммо масъулини корхона барои кам кардани бақияи қарзи андозҳо тадбир наандешиданд. Айни ҳол нисбат ба Ҷамъияти мазкур як қатор санадҳои лозимӣ барои маҷбуран ситонидани қарзи корхона тартиб дода шуд. Идораи байниноҳиявии Хоҷагии оби ноҳияи Бохтар, ки роҳбараш Хушбахтов Шодмон мебошад, дар назди буҷет 5 млн. 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Мутаассифона, масъулини корхона ба ҷои кам кардани маблағи қарзи андоз рӯз то рӯз ин нишондодро бештар менамоянд. Чунин хунукназарӣ дар тамоми Идораҳои оби вилояти Хатлон ба мушоҳида расида, бо вуҷуди дастгирӣ ва имтиёзҳои зиёде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи мазкур дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз амалӣ намудааст, ин масъала ҳанӯз ҳам ҳалли мусбати худро намеёбад. Бақияи қарзи андоз то ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 7 млн. 522 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ошкор намудани сабабҳои пайдоишу афзоиши бақияпулиҳо гурӯҳи корӣ дар якчанд корхонаву хоҷагиҳои қарздори шаҳри Кӯлоб корҳои таҳлилӣ анҷом дод. Хоҷагии тухмипарварии кооперативӣ- истеҳсолии “Ҳамадонӣ”, ки роҳбараш Абдуҷаббор Зардиев мебошад, 8000 гектар замин, ки аз ин шумора 2 гектарашро заминҳои обии корам ташкил медиҳад, дар ихтиёр дошта, дар назди буҷа 426 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Тавре зимни сӯҳбат роҳбари ҳоҷагӣ Абдуҷаббор Зардиев иброз дошт, хоҷагӣ айни замон дар ихтиёр 600 сар чорвои шохдори калон, 1700 сар чорвои хурд, 200 сар асп ва 1300 гектар замини кишти пахта дорад. Аммо бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда супоридани қарзи андозҳоро аз як моҳ ба моҳи дигар мавқуф мегузорад. Зеро хоҷагии мазкур аз рӯи ҳисоботи нозироти андоз дар муддати 8 моҳи соли равон мебоист на камтар аз 300 ҳазор сомонӣ ба буҷа маблағ ворид мекард. Вале мутаассифона, дар ин давра хамагӣ 70 ҳазор сомонӣ ворид кардаасту халос. Таҳлил дар ҶДММ “Зарҳам”, роҳбараш Зардиев Сафархон, ки ба истеҳсоли нахи пахта машғул мебошад, муайян намуд, ки корхона дар назди буҷет 190 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Бино ба маълумоти сармуҳосиби корхона сабабҳои пайдоши қарз аз мавсимӣ будани фаъолияти корхона сарчашма мегирад. Айни замон чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз нисбат ба хоҷагии мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ татбиқ гардида, 30 тонна пахтаи хоми ҶДММ “Зарҳам” зери ҳабс қарор дода шуд. Таҳлили фаъолияти ҶСШК “Пахтаи Кӯлоб”, ки муассис ва роҳбараш Лашкарӣ Мирзоев мебошад, нишон дод, ки корхона дар назди буҷа 470 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Барои рӯёнидани қарз 35 тонна нахи пахтаи навъи 1 ва барориши соли 2011-и хоҷагии номбурда зери ҳабс қарор дода шуд. Бояд қайд кард, ки Мирзоев Лашкарӣ ҳамзамон роҳбари хоҷагии кооперативӣ-истеҳсолии “Шарифҷон”-и ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад, ки ин корхона низ аз буҷаи давлат қарздор аст. Ҳангоми санҷиши хоҷагии кооперативӣ-истеҳсолии “Шарифҷон”, воқеъ дар ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеъ низ муайян гардид, ки хоҷагӣ дар назди буҷа 607 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Мушоҳидаҳо муайян карданд, ки хоҷагӣ 455 гектар замин дар ихтиёр дошта, қитъаи беш аз 200 гектарашро кишти пахта ташкил медиҳад. Натиҷаи корҳои санҷишӣ буд, ки тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати рӯёнидани қарзи андози ҳоҷагӣ гузаронида шуда, айни замон 20 тонна пахтаи хоми хоҷагӣ зери ҳабс қарор дорад. Дар маҷмӯъ дар ин давра аз ҷониби гурӯҳи корӣ нисбат ба 99 нафар андозсупорандаи қарзи андоз дошта маводи лозимӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 5 млн. 705 ҳазору 361 сомонӣ қарорҳои дахлдор тартиб дода шуд. Бо мақсади иҷрои қарорҳои қабулгардида 611 тонна пахтаи хоми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои пахтатозакунии қарздор таҳти ҳабс қарор дода шуд, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб 2 млн. 57 ҳазор сомонӣ ба манфиати буҷа рӯёнида шуд. Илова бар ин дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ бе татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 1 млн. 532 ҳазор сомонӣ қарзи андозҳо ба буҷа ворид карда шуд.